Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳлили соҳаи саноат тавассути технологияи иттилоотии муосир

Таҳлили соҳаи саноат тавассути технологияи иттилоотии муосир

Санаи 25-уми апрели соли равон дар кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Таҳлили соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути технологияи иттилоотии муосир» баргузор гардид. Дар оғоз мудири кафедра дотсент Ф.Раҳимов доир ба мавзӯи маҳфил баромад намуда, иброз дошт, ки таҳлили соҳаи саноати кишварро тавассути технологияи иттилоотии муосир барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии технологии донишҷӯён ва ҷалб намудани завқу рағбати онҳо нисбат ба истифодабарии технологияҳои иттилоотии муосир дар иқтисодиёт мусоидат менамояд. 
Сипас Наврӯз Қараев, донишҷӯи курси сеюм дар мавзӯи «Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (семент)» баромад намуд. Н.Қараев таҳлили гузаронидаашро ба иштирокчиён пешниҳод намуда, иброз дошт, ки дар раванди гузаронидани таҳлили соҳа ӯ аз воситаи барномавии MS Excel истифода намудааст. Номбурда иброз дошт, ки истифодаи технологияҳои иттилоотии муосир ба мо имкон медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо хароҷоти вақтӣ коҳиш дода шуда, натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда шавад. 
Дар идома оид ба масъалаи роҳҳои иттилоотонии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, вобаста ба имконияти истифодаи технологияҳои иттилоотии муосир дар низоми ин соҳа ва самаранокии истифодаи онҳо ибрози андеша кард. Инчунин барои ҷорӣ намудани усулҳои муосири технологӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон пешниҳодҳо намуда, дар ин радиф истифода аз таҷрибаҳои кишварҳои пешрафтаи дунёро роҳи дигари расидан ба иқтисоди рақамӣ донист. 
Дар анҷом музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Умеда Халилова, роҳбари МИД-и кафедра