Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занон ҳатмист

Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занон ҳатмист

Бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ ҷаласаи Шӯрои бонувон доир гардид. Онро Давлатзода Абдулло, сардори раёсат кушода, дар бораи риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби бонувон ва донишҷӯдухтарон изҳори андеша кард. Мавсуф риояи ҳатмии дастурамали мазкурро аз ҷониби омӯзгорон, кормандзанон ва донишҷӯдухтарон талаб намуда, дар бораи баъзе аз камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт изҳори нигаронӣ кард. 
Давлатзода А. дар идома дар бораи фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ истода гузашта, самаранокии дарсҳои тарбиявиро аз эшон талаб намуд ва дар дарсҳои тарбиявӣ баррасӣ намудани масъалаҳои риояи одоби салом, дастурамали либосҳои тавсиявӣ, одоби рафтору муоширатро муҳим дониста, зич намудани робитаро бо волидайни донишҷӯён ва гузаронидани маҷлисҳои падару модаронро тақвиятбахши корҳои тарбиявӣ хонд. 
Сипас сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Сафарова Г., эдвайзери оид ба тарбияи факултети МИБ Давлатова М., омӯзгори кафедраи информатикаи амалӣ Юсупова А. баромад карда, дар бораи риояи интизоми меҳнатӣ, сару либоси бонувон, тақвияти корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯёни сустхон ва дигар масъалаҳои марбут ба занонро мавриди арзёбӣ қарор доданд. 


Абдуллоева М.