Хабарҳо
Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон
Чанде пеш бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия ва факултети молия ва қарзи донишгоҳ ҷиҳати пайвасти донишҳои назариявӣ бо амалия дарси кушод дар мавзӯи «Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва гардиши муомилоти пулӣ ва ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он мутахассисон аз идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Аслиддин Раҳмонзода ва Фирдавс Абдуғаниев, сардори раёсати илм ва инноватсия Даврон Хоҷаев ва доираи васеи устодон ва донишҷӯёни факултети молия ва қарз ширкат варзиданд.
Аввалан Д.Хоҷаев баромад карда, иброз дошт, ки дар замони муосир ва рушди бемайлони муносибатҳои молиявӣ ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ метавонад дар самаранок истифода бурдани захираҳои молиявӣ, фаврӣ ба анҷом расонидани амалиётҳо ва гардиши муомилоти пулӣ нақши назаррас гузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии ин мавзӯъ барои ҷавонон, бахусус донишҷӯён бомаврид мебошад.
Баъдан Аслиддин Раҳмонзода ва Фирдавс Абдуғаниев дар мавзӯи зикршуда баромад намуда, оид ба ҷанбаҳои амалии фаъолияти низоми пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳият ва нақши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт, шаклу усулҳои баамалбароии ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, муаммоҳои ҷойдошта дар ин самт ва роҳҳои бартараф намудани онҳо бо устодон ва донишҷӯён мубодилаи афкор намуданд.
Дар охири дарс миёни иштирокчиён ва маърӯзачиён суолу ҷавоб сурат гирифт.