Хабарҳо
Ободонӣ дар ДДМИТ идома дорад
Баҳри вусъати корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ санаи 28 апрел дар ДДМИТ шанбегии умумидонишгоҳӣ ташкил карда шуд. Дар шанбегӣ кормандони хоҷагидорӣ ва устодону кормандони донишгоҳ иштирок карданд. Ҳамчунин ин навбат таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо дода шуда, дарахтони сершохи хушкшуда гирду атрофи донишгоҳ, ки дар боронҳои ҳафтаи охир осеб дидаанд кӯтоҳ ва бурида шуданд. Инчунин кормандони хоҷагидорӣ дар растаҳои донишгоҳ гулҳои баҳорӣ шинонда, назди ҳамаи дарахтон ва арчаҳоро нарму мулоим карданд. Ин навбат дар самти даромадгоҳи назди бинои №3 пурра тоза карда шуд. Дар баробари устодону кормандони муассиса донишҷӯёни хобгоҳҳо низ ин навбат дар шанбегӣ фаъолона иштирок доштанд. Онҳо гирду атрофи хобгоҳҳоро пурра тоза карданд.
Ҳамин тавр, пайваста дар ДДМИТ барои ободу зебо ва кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии саҳн ва гирду атрофи он, инчунин саҳм гузоштан дар пешравии шаҳри Душанбе дар донишгоҳ корҳои ободонӣ бовусъат идома дошта, дар он ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат доранд.
Н.Раҳимзода