Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳкими равобит бо волидон асоси натиҷаи назаррас аст

Таҳкими равобит бо волидон асоси натиҷаи назаррас аст

Санаи 27 апрели соли равон дар факултети иқтисод ва бизнес ҷаласаи васеи садорати факулта бо иштироки волидони донишҷӯёни курси 1-ум баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки 157 нафар волидони донишҷуён иштирок доштанд, муҳокимаи таълиму тарбия, одобу ахлоқ ва рафтори донишҷӯёни курсҳои аввал дар соли хониши 2018-2019 ва  баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сурат гирифт.
Маҷлисро декани факултет Эмомалӣ Шералиев оғоз намуда, волидонро ба ДДМИТ хайрамақдам гуфта, робитаҳои пайвастаи волидон бо кураторон ва алоқаи мустақим доштан бо садорати факултаро яке аз роҳҳои асосии дар зери назорати доимӣ будани донишҷӯён донист. Дар идомаи баромад Э.Шералиев ёдовар шуд, ки тавассуси сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон сулҳи комилро ба даст оварда, имрӯз фарзандони мо дар шароити созгор ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз барои таъмину пешрафти соҳаи илму маориф, самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ, аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди соҳаи маориф аҳамияти калон медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, ҷорӣ намудану васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет, таъмини самараноки фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Majlis4001.jpgҚайд кардан зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару дар таълиму тарбияи фарзанд»  санади муҳимест, ки масъулияти волидон ва муассисаҳои таълимиро водор месозад, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандориву инсондӯстӣ тарбия намоянд. Инчунин номбурда таъкид дошт, ки аз падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки робитаро бо муассисаҳои таълимӣ мустаҳкам намоянд, зеро ҳамкории дуҷониба метавонад дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон нақши муҳим бозад.  
Баъдан мудири кафедраи суғурта Камолов К.З. баромад намуда, иброз дошт, ки ДДМИТ яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар мебошад, ки аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ дар ин даргоҳи илму маърифат донишҷӯён дар риштаи иқтисодиёт таҳсил менамоянд. Мо омӯзгорон дар такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат фаъолият намуда, саъю кӯшиш менамоем, ки дар рушду ишкишофи илму маориф ва тарбияи насли наврас саҳми назаррас гузорем. Аммо дар ҳамбастагӣ бо падару модарон мо метавонем ба мақсадҳои худ ноил гардем, зеро сарчашмаи таълиму тарбия маҳз аз оила оғоз меёбад, гуфт Камолов К.
Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода суханронӣ намуда, ҷавононро ояндаи давлату миллат донист. Мавсуф дар рафти баромад иброз дошт, ки бояд ҷавонони кишвар имрӯз аз пайи таълиму тарбия ва илму ҳунаромӯзӣ бошанду касбу ихтисосҳои мутобиқ ба замони муосирро аз бар намоянд. Аммо, мутаассифона, ҳастанд баъзе аз ҷавононе, ки ба қадри ин замони созандагиву ободкорӣ нарасида, ба роҳҳои нодуруст мераванд. Раёсати донишгоҳ дар ҳар вохӯриву сӯҳбатҳо бо донишҷӯён таъкид менамояд, ки таҳсил дар донишгоҳи олӣ ба ҳар кас мушарраф намегардад. Инчунин ба онҳо фаҳмонида мешавад, риояи қоидаҳои дохили муассисаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа барои худ шуморанд.
Дар идома тариқи презентатсия вазъи рафту омад, иштирок дар дарсҳо ва риояи талаботи ҷорӣ аз ҷониби донишҷӯён бо расмҳо пешниҳоди волидон гардид. Дар фарҷоми ҷаласа саволу ҷавоб миёни падару модарон бо садорати факултет сурат гирифт.
Баҳри ҳавасмандгардонӣ, барои тарбияи дуруст ва бо дониши хубу аъло таҳсил намудани донишҷӯён ба 10 нафар падару модарон  Сипосномаи садорати факултет тақдим карда шуд.

  
Мубораки Назримад, эдвайзер оид ба тарбияи факулта