Хабарҳо
Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии низоми молиявӣ
Санаи 30 апрели соли ҷорӣ дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дарси кушод баргузор гардид. Дар дарс Ҷамшед Шералиев корманди Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии низоми молиявии кишвар дар шароити рушди муносибатҳои молиявии байналхалқӣ” баромад намуд.
Ҷ.Шералиев дар аввал оид ба самтҳои фаъолияти вазорат, низоми буҷети давлатӣ, фаъолияти молиявии сиёсати берунии ҶТ, заминаҳои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушд дар давраи то соли 2030 ва ҳадафҳои стратегии СМР-2030 ба ҳозирин маълумот дод. Номбурда иброз дошт, ки имрӯз Вазорати молия барои пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои буҷету андоз, таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии ҶТ барои соли молиявии дахлдор, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, банақшагирии буҷети фаъолияти сиёсати беруна, идоракунии қарзҳои берунаи давлатӣ, суғуртавӣ, асъорӣ ва бозори молиявӣ ва коғазҳои қиматнок ва хазинаи сарватҳои давлатӣ нақши муҳим дорад.
Дар баробари ин баҳри ноил гаштан ба СМР бояд сармоягузории хориҷиро дар кишвар ҷалб ва дар ин замина татбиқи босамари онҳоро амалӣ кард. Инчунин қадамҳои минбаъда бояд муназзамӣ ва пайиҳамӣ дар ноилшавӣ ба ҳадафҳои СМР-2030 тавассути амалисозии Барномаҳои панҷсолаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020, 2021-2025 ва 2026-2030, мукаммал сохтани сохторҳои сатҳи миллӣ ва минтақавӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ, ба низом даровардани низоми пешниҳод ва мубодилаи ҳисоботу ҳамоҳангсозӣ байни вазорату идораҳо, минтақаҳо ва шарикони рушд ва дар сатҳи зарурӣ ҷалб намудани сармояи дохиливу хориҷӣ барои татбиқи пурраи ҳадафу афзалиятҳои СМР-2030 бошад.
Дар анҷом баҳсҳо вобаста ба мавзӯъ ва суолу ҷавоб бо мутахассис сурат гирифт.
Н.Раҳимзода