Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оғози имтиҳоноти давлатӣ дар донишгоҳ

Оғози имтиҳоноти давлатӣ дар донишгоҳ

Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2019 дар бораи тасдиқи раисони комиссияи аттестатсияи хатм дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани сатҳи азхудкунии нақшаву барномаҳои таълимии хатмкунандагон ва ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот ва ихтисос раисони комиссияи аттестатсияи хатм муқаррар карда шуданд. Ҳамин тариқ, Беҳзод Ҷураев - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, сардори шуъбаи танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон, Шавкат Ҷураев - дотсент, мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Давлаталӣ Муҳсинов- номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги ДМТ, Аскаралӣ Баротов – сардори шуъбаи сарраёсати маркази хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аброр Мирсаидов - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директор оид ба илми Донишкадаи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Малика Саидмуродова – мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳони ДМТ, Туймурод Раҷабов – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДМТ, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат - номзади илмҳои иқтисодӣ. Дотсент, директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Фарҳод Маҳмадшозода – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фатҳулло Ҷабборов - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон раисони комиссияи хатм дар ихтисосҳои ҷойдоштаи донишгоҳ муқаррар шуданд.  
Чӣ тавре, ки аз Раёсати таълими донишгоҳ иттилоъ доданд, дар робита ба фармоиши Вазири маориф ва илми ҶТ фармоиши Ректори ДДМИТ низ оид ба тасдиқи ҳайъат ва ҷадвали кори комиссияҳои аттестатсияи хатми соли таҳсили 2018-2019 ба тавсиб расид. Тибқи он дар факултетҳои донишгоҳ аз 24-уми апрел имтиҳоноти давлатӣ оғоз гардида, он то аввали моҳи июн идома меёбад. 
Ёдовар мешавем, ки имсол 778 нафар донишҷӯёни бахши рӯзона, 324 нафар донишҷӯёни бахши ғоибона ва 79 нафар аз рӯи маълумоти дуюм донишгоҳро бояд хатм намоянд. 


Насрулло Тӯйчизода