Хабарҳо
Тоҷикистон ташаббускори об дар арсаи байналмилалӣ
Санаи 1 майи соли ҷорӣ дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори об дар арсаи байналмилалӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил Иброҳим Қурбонов, донишҷӯи курси 3, ихтисоси хадамоти гумрук баромад намуда, вобаста ба ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаи об дар арсаи байналмилалӣ, мушкилоти беобии ҷаҳон ва захираҳои обии минтақа ва ҷаҳон суханронӣ намуд.
Номбурда зимни баромад иброз дошт, ки имрӯз дар баъзе аз давлатҳои рӯи олам масъалаи норасоии оби тоза ба мушкилии дараҷаи аввал табдил ёфтааст. Дар ҷаҳони муосир масъалаҳое пешорӯи аҳли башар истодаанд, ки бартараф намудани онҳо ҳамоҳангии кулли кишварҳои дунёро тақозо менамояд. Зеро аз захираҳои умумии обҳои сайёра танҳо 3%-и он оби тозаи ошомиданӣ буда, 68,7%-ро пиряхҳо, 30,1%-и дигарро обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 97% обҳои шӯр мебошанд, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
Зимнан, мушкилоти таъминоти об танҳо проблемаи минтақавӣ набуда, солҳои охир ба мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар дунё зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз 2,5 миллиард нафар ба хизматрасонии одитарини соҳаи беҳдошт (санитарӣ) дастрасӣ надоранд. Ҳар сол то сесад ҳазор нафар кӯдак дар синни то панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ба ҳалокат мерасанд. Бино ба маълумотҳо бар асари гармшавии иқлим дар сайёра мушкилоти норасоии об ба миён омада, то соли 2030 боиси он мегардад, ки зиёда аз 40% - и сокинони сайёра аз оби нӯшокӣ танқисӣ хоҳанд кашид.
Тоҷикистон аз рӯи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ мақоми намоёнро ишғол менамояд. Бояд қайд кард, ки захираҳои асосии Тоҷикистонро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки миқдорашон ба 14 500 адад мерасад. Инчунин, дар ҳудуди Тоҷикистон 947 дарё мавҷуд аст, ки дарозии умумии онҳо 28 500 километрро ташкил медиҳад.
Ёдовар бояд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин мушкилоти сайёра борҳо диққати ҷаҳониёнро ба масъалаи мазкур ҷалб намудаанд. Пешвои миллат ташаббускори тамоми қатъномаҳои дар даҳсолаҳои охир қабулнамудаи СММ дар мавриди об мебошанд. Аз ҷумла, “Соли байналмилалии оби тоза” эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон шудани солҳои 2005-2015, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон шудани соли 2013 ва ахиран қабули қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Даҳсолаи оғозёфта, пеш аз ҳама, ба ташаккули майдони васеъ барои таҳкиму тавсеаи муколамаи мунтазами бисёрҷониба дар соҳаи об бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти амалии мушаххас равона карда шудааст.
Дар анҷоми чорабинӣ байни аҳли нишаст пурсишу посух сурат гирифт.
Н.Раҳимзода