Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шароити таърихӣ ва заминаҳои зуҳури пантуркизм

Шароити таърихӣ ва заминаҳои зуҳури пантуркизм

Санаи 1 майи соли равон маҳфили навбатии “Рӯзгорон”-и кафедраи фанҳои гуманитарӣ баргузор гардид. Дар маҳфил доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфуллоҳ Муллоҷонов доир ба мавзӯи “Шароити таърихӣ ва заминаҳои зуҳури пантуркизм” маърӯза намуд. Мавсуф зимни баромад оид ба масъалагузорӣ дар шароити нави таърихӣ, манфиати кишварҳои бузург ва ба доираи манфиати онҳо кашида шудани кишварҳои хурд, пантуркизм дар фаҳмиши зиёиёни тоҷик ва маҳдудиятҳои фикрии мо, нақши идеологияи болшевикӣ дар муаррифии пантуркизм ва ҷангҳои сесадсолаи ду империя – Россия ва Усмонӣ (1614-1914) ва комилан манфӣ таҷассум гаштани Усмонӣ ва Туркия дар таърихнигории русӣ ва Шӯравӣ ибрози ақида намуд. 
С.Муллоҷонов зимни баромад таъкид дошт, ки дар 9 ҷанге, ки байни 200 сол (солҳои 1714-1914) Усмонӣ ва Россия доштанд, се маротиба Усмонӣ ва 6 дафъа Россия пирӯз гаштанд. Бояд гуфт, ки ин ҷангҳо ниҳоят хунин буда, кишварҳои савум (Англия ва Франсия) низ ба он ҳамроҳ шуданд. Се омили заволу фурӯпошии империяи Усмонӣ, ин омили дохилӣ: истиқрори султонҳои заиф дар ҳукумат ва дахолати ҳарамсаро, яъне занону фарзандони султон ба умури кишвар, омили хориҷӣ: ҷангҳои давомдори Усмонӣ ва Россия, оғози ҷанг ба соли 1453, ки соли забти Константинопол аз тарафи Усмонист, бармегардад ва ақиб мондани кишварҳои мусулмонӣ бо сарварии Усмонӣ аз Ғарб; Ғарби ақлгаро пас аз Реннесанс ва схоластикаи шарқӣ (хурофоту таассуби шарқиҳо) мебошад. 
Ёдовар бояд шуд, ки пантуркизм як ҷараёни миллатгароии шовинистӣ ва манфӣ буда, мо онро мисли панславянизм, панарабизм, панисломизм, панэронизм ва коммунизм қабул надорем. 
Дар анҷоми маҳфил, ки дар он устодони соҳа иштирок доштанд, музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода