Хабарҳо
Семинар барои дарёфти грантҳо
Рӯзҳои 25-27 апрели соли равон дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон семинар-тренинг оид ба тайёр намудани дархост барои грантҳо дар доираи барномаҳои озмуни грантӣ баргузор гардид. Дар семинари омӯзишӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба навиштани дархостҳо барои дарёфти грантҳои байналхалқӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода шуд. Инчунин аз ҷониби мутахассисони соҳа пешниҳодҳои муфид вобаста ба дарёфт ва дархост намудани грантҳо пешниҳод гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки дар семинар муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДМИТ Фирӯз Қодиров, директори пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» Хуршед Ҷумъабоев ва мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Фирдавс Сайфидинов иштирок доштанд.
Барои мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар роҳҳои ба даст овардани грантҳо ва дархости онҳо нишон дода шуд.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ