Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сабқати илмии ҷумҳуриявӣ дар ДДМИТ

Сабқати илмии ҷумҳуриявӣ дар ДДМИТ

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли равон макони баргузории даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Фиристода бояд, ки доно бувад…» гардид. Дар олимпиада аз 39 муассисаи олии таҳсилоти касбии кишвар наздики 326 нафар ғолибони олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ аз рӯи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисод ва технологияҳои иттилоотӣ дониши худро санҷиданд. Лозим ба ёдоварист, ки санҷиши дониши иштирокдорони олимпиада тариқи тестӣ сурат гирифт. 
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, донишҷӯёнро табрик гуфт ва барояшон барор хост. Мавсуф қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат соҳаи маорифро дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи калидӣ ва тақдирсоз хонданд ва пайваста ба ин соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. 
- Ҳадафи баргузории олимпиада ҳам байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва парвариши минбаъдаи онҳо мебошад, - гуфт вазир. 
Тавре гуфта шуд, айни замон дар ҷумҳурӣ 206 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад ва дар ин сабқат баргузидаҳо - 326 нафар иштирок доранд. 
- Имсол 20%-и саволномаҳои ин сабқат берун аз барномаи таълимии фаннӣ буда, мо мекӯшем, ки сол то сол тадриҷан он пурра аз доираи барномаи таълимӣ берун бароварда шавад, иброз дошт вазир. 



 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg
 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Вазири маориф ва илми кишвар барои ҳавасмандии ғолибони ин сабқат ва омӯзгорони омоданамудаи онҳо додани нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба муасиссаи таълимии ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 додани таҷҳизоти техникии таълим, барои омӯзгорони ғолибон аз тарафи Иттифоқи касабаи соҳаи маориф додани роҳҳат ба истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон ва дигар имтиёзҳоро пешниҳод намуд. 
Баъдан Лутфия Абдухолиқзода, сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, ба донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо дар сабқат муваффақият хоста, таъкид дошт, ки баҳри тақвияти самти илм ва маориф шароит муҳайё буда, ҳар нафар метавонад ба сӯи илм равад ва худро дар ин самт озмояд. Донишҷӯёни ҳузурдошта бо дониши мукаммал метавонанд худ ва муассисаи таълимиашонро муаррифӣ кунанд, гуфт Абдухолиқзода Л. 
Сипас мавсуф барои ҳавасмандгардонии донишҷӯёни ғолиб ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби муассисаҳои таҳсилотии худ ҷудо намудани мукофотҳои пулиро пешниҳод намуд. 
Дар баромади хеш раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода нақши муассисаҳои таҳсилоти олиро дар рушди илм муассир хонда, иброз дошт, ки имрӯз макотиби олӣ меҳвари асосии илми кишвар маҳсуб меёбанд. 
Тавре гуфта шуд, соли 2017 8959 маводи илмӣ нашр гардидааст, ки аз он 6165, ё ин ки 68,8%-и онро маводи илмии муассисаҳои таълимӣ ташкил медиҳад. Аз 199 нафар доктор ва номзади илм, ки соли 2017 ҳимоя кардаанд, 166 нафар, ё ки 83%-и онро омӯзгорони макотиби олии кишвар ташкил медиҳанд. Мавсуф барои ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиада дар шуъбаи магистратура ба таври буҷавӣ қабул шудани онҳоро пешниҳод намуд. 
Пас аз он Сайфиддин Давлатзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёнро бо тартиби баргузории олимпида ошно карда, ҷараёни онро қадам ба қадам бо муқаррароти пешбинишуда гуфта гузашт. 
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти мавҷудияти заминаи хуби техникии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин чорабинии калони илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ маҳз дар ин таълимгоҳ сурат мегирад. Раёсати донишгоҳ барои дар сатҳи баланд гузаштани раванди ин сабқати ҷумҳуриявӣ тамоми шароитҳоро муҳайё сохтааст, аз қабили пешниҳоди хобгоҳ, маркази тестии бо компютер таҷҳизонидашуда ва дигар шароитҳои маишию фарҳангӣ. 
Олимпиада пагоҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян мегарданд. 


Машҳура Абдуллоева