Хабарҳо
Муаммоҳои самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ
Санаи 27-уми апрели соли ҷорӣ бо ибтикори кафедраи менеҷменти молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар семинар мудири кафедра Шаъбон Нуров дар мавзӯи «Муаммоҳои самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва роҳҳои ҳалли он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои самаранак истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар муассисаҳои буҷетӣ ибрози ақида намуд. Бояд қайд кард, ки семинарро декани факултет М.С. Содиқов ифтитоҳ намуда, оид ба вазъи самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ дар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллии худидоракунӣ суханронӣ кард.
Зимни баромад маърӯзачӣ ба қонунҳои дахлдори соҳа такя карда, иброз дошт, ки Муассисаҳои буҷетӣ маблағҳои буҷетиро мувофиқи харҷномаи тасдиқшудаи даромадҳо ва хароҷот истифода мебаранд. Сарраёсати хазинадории назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ ҳуқуқҳои муассисаи буҷетиро оид ба азнавтақсимкунии хароҷот аз рӯи моддаҳо ва намудҳои хароҷот ҳангоми иҷрои харҷнома муайян менамоянд.
Инчунин бояд муассисаи буҷетӣ маблағҳои буҷетиро ба воситаи суратҳисоби муассисаи буҷетӣ истифода барад.
Дар охир музокира вобаста ба самарнок истифодабарии маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҳама сатҳҳои буҷет сурат гирифт.