Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таассурот аз ДДМИТ ва иштирок аз олимпиада

Таассурот аз ДДМИТ ва иштирок аз олимпиада

Тавре огаҳӣ дорем, ду рӯз боз, яъне рӯзҳои 3-4 май дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи 13 фанни таълимӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Фиристода бояд, ки доно бувад…»  ҷараён дорад. Ин чорабинӣ бори дигар имкон дод, ки донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии таълимии кишвар ба ҳам омада, донишу маҳорати доштаашонро боз як маротибаи дигар дар назди ҳакамон нишон диҳанд ва дар ин баробар, бо ДДМИТ  аз наздик ошно шаванд ва бо  иштирокчиёни ин чорабинии бошукӯҳ робитаҳои дӯстона барқарор намоянд. 


Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода бурда, мо бо чанде аз иштирокчиёни олимпиада, ки ё ғолиб шуданд ва ё иштироки фаъолона доштанд, ҳамсуҳбат гаштем:


Шохрух150.jpgШоҳрух Ҳусейнов - донишҷӯи курси 3, факултети физика ва математикаи ДМТ аз фанни математика:
-Аз он хурсандам, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ нишондоди баландтаринро соҳиб шудам. Бори аввал ба донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод омадам ва аз зебоӣ ва ободонии ин макон ба ваҷд омадам. Бемуболиға, гуфта метавонам, ки муҳити илмомӯзӣ ва шароити мусоиде, ки ин донишгоҳ дорад, беҳтарин ва қиёснашаванда аст. Барои омодасозиии мо роҳбари олимпиадавӣ Абдулло Мирзоев саҳми калон гузоштанд. Ман аз замоне, ки хонандаи синфи 5 будам, ба омӯхтани фанни математика ба таври ҷиддӣ машғул шудаам. Забонҳои русӣ ва англисиро низ дар сатҳи илмӣ медонам. Бояд бигӯям, ки қаблан дар олимпиадаҳои дар Ҷумҳурии Белорус ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузоршуда низ ширкат варзида будам.  






Жасмин150.jpgЖасмин-Томирис Холова- донишҷӯи курси 1, ихтисоси иқтисоди ҷаҳони факултети МИБ-и ДДМИТ аз фанни забони англисӣ:
- Аз синни 6 - солагиям ба омӯзиши забони англисӣ шурӯъ намудам. Ман хатмкардаи литсейи назди филиали ДДМ ба номи М. Ломоносов мебошам. Бояд бигӯям, ки тестҳои пешниҳодшуда ягон  душворие барои ман надоштанд. Ба мо 100 савол дода буданд, ки мебоист давоми 90 дақиқа иҷро мекардем. Вале ман дар давоми 15 дақиқа тестро иҷро намудам. Аз он хурсандам, ки ба гирифтани 87 балл сазовор шудам. Инчунин, эссе навиштам. Вале, аслан, аз балле, ки гирифтам, қаноатманд нестам. Бовар дорам, ки дар оянда ба натиҷаҳои беҳтар ноил мешавам. 






Фарангиз150.jpgФарангис Манонзода - донишҷӯи курси 3, факултети филологияи руси Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон аз забони русӣ:
- Бори аввал аст, ки дар олимпиадаи сатҳи баланддошта иштирок менамоям ва нахустин маротиба ҳам ҳаст, ки ба ДДМИТ омадаам. Ба ман компуси донишҷӯии ин донишгоҳ хеле писанд омад. Олимпиада низ хуб ҷараён гирифт. Тестҳо чандон осон набуданд. Ман доир ба НБО-и «Роғун» эссе навиштам. Бояд қайд намоям, ки барои эссе ҳамагӣ 45 дақиқа вақт ҷудо шуда буд, ки ин аз нигоҳи ман камтар аст. Хуб мешуд, ки барои ин намуди санҷиш каме вақти зиёдтар ҷудо мекарданд. 







София150.jpgСафия Камбарова – донишҷӯи курси 1, ихтисоси андоз ва андозбандии ДДМИТ аз фанни биология ва экология:
- Ҳанӯз дар давраи мактабӣ ба фанҳои дақиқ таваҷчуҳи хос доштам. Дар донишгоҳ низ фанни Консепсияи табиатшиносии муосирро хондем, ки Рустам Яъқубов ба мо дарс медоданд. Ман ба худ боварӣ доштам ва аз он хурсандам, ки сазовори ҷойи дуюм шудам. Тесте, ки кор кардам, фарогири 50 савол буд. Саволҳо чандон осон набуданд. Нақша дорам, ки соли дигар низ иштирок намуда, сазовори нишондодҳои бештар шавам. 








Пайшанбе150.jpgПайшанбе Додихудоев – донишҷӯи курси 2, ихтисоси андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ аз фанни назарияи иқтисодӣ:
- Пеш аз олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, аз фанни назарияи иқтисодӣ сазовори ҷойи сеюм шудам. Имрӯз хурсанд аз онам, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба гирифтани ҷойи аввал шарафёб шудам. Аз  омӯзгорони кафедраи назарияи иқтисодӣ, хусусан роҳбари илмиям Д. Балхов миннатдор ҳастам, ки барои беҳтар омода шудани ман кумак намуданд. Ман аз ин комёбиҳои худ чандон қонеъ нестам ва мехоҳам дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ низ ширкат варзам. Айни замон, ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва чинӣ машғулам. Бо иштирокчиёни дигар низ ҳамсуҳбат шуда, риштаи дӯстӣ барқарор намудем. Аз он хурсандам, ки дигар ширкаткунандагон бо имкониятҳои арзандаи таҳсил дар донишгоҳи мо ошно шуда, онро баҳои баланд доданд. Дар ин лаҳзаҳо мо бори дигар ифтихор мекунем, ки маҳз дар ҳамин даргоҳи илму маърифат таҳсил менамоем. 



Мусоҳиб Насрулло Тӯйчизода