Хабарҳо
Комёбии навбатии варзишгарони мо
Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба «каретэ-до» санаи 1-2 – майи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Дар ин чемпионат донишҷӯёни ДДМИТ низ қувваозмоӣ намуда, обруву эътибори донишгоҳро боло бурданд.
Дар натиҷаи чемпионат донишҷӯён Нодир Джураев, донишҷӯи курси 2, факултети иқтисод ва бизнес ва Хушбахт Шарипов, донишҷӯи курси 3, факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ дар намуди «катаи даставӣ» барои синни 18-сола боло ҷойи аввалро ба даст оварданд. Дар анҷом ба ғолибон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диплом, медал ва мукофотпулӣ супорида шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки ғолибон дар мусобиқаи ноҳиявӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардида буданд.
Н.Раҳимзода