Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДДМИТ дар қатори сегонаи беҳтарин

ДДМИТ дар қатори сегонаи беҳтарин

Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки дар ҷамъбасти даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Фиристода бояд, ки доно бувад…», ки рӯзҳои 3-4 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид, аз рӯи натиҷаҳои он ДДМИТ ба қатори сегонаи беҳтарин дар байни 39 муассисаи олии таҳсилоти касбии кишвар дохил шуд. 
Рӯзи 4 май даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ҷамъбаст ва ғолибонро бо мукофотҳо сарфароз гардонид. 
Сабқати байни донишҷӯён хеле тезутунд, шадид ва шаффоф гузашт. Коршиносону олимони беҳтарини соҳаҳои илми алоҳида натиҷаи кори иштирокчиёнро санҷида, баҳогузорӣ карданд. 
Ҳамин тавр, донишҷӯёни ДДМИТ низ ба муваффақиятҳои беҳтарин ноил гардида, натиҷаҳои хуб ба даст оварда, номи таълимгоҳ ва устодони худро боло бардоштанд. Инак, Пайшанбе Додихудоев – донишҷӯи курси 2, ихтисоси андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ аз фанни назарияи иқтисодӣ (роҳбараш ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Давлатмамад Балхов) сазовори ҷойи якум бо медали тилло, Дипломи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, китоби “Уфуқҳои истиқлол”-и Эмомалӣ Раҳмон, як адад планшет мукофотонида шуд. 
Сафия Камбарова – донишҷӯи курси 1, ихтисоси андоз ва андозбандии ДДМИТ аз фанни биология ва экология (роҳбари илмиаш ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Рустам Яқубов) сазовори ҷойи дувум бо медали нуқра, Дипломи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, китоби “Уфуқҳои истиқлол”-и Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардид. 



 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg
 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Зайниддин Олимов, донишҷӯи курси 4, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ аз фанни сиёсатшиносӣ (роҳбари илмиаш ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ҷобиров Иқбол) ва Шоев Рустам, донишҷӯи курси 4 факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт аз фанни технологияҳои иттилоотӣ (роҳбари илмиаш Турахонзода Шаҳриёри Нурулло), Машарипов Муҳаммадшариф, донишҷӯи курси 3, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ аз фанни география (роҳбари илмиаш дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Саидов Худойназар) сазовори ҷойи сеюм гардида, бо медали биринҷӣ, Дипломи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, китоби “Уфуқҳои истиқлол”-и Эмомалӣ Раҳмон мукофотонида шуданд. 
Ҳамчунин Салоҳиддин Солиев, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарз аз фанни фалсафа (роҳбари илмиаш муаллими калони кафедраи фангуманитарӣ Нозимов Ҳошим), Олтиной Ҷӯраева, донишҷӯи курси 1 аз фанни математика (роҳбари илмиаш дотсенти кафедраи математикаи олӣ Розӣ Маханов) барои иштироки фаъол бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мукофотонида шуданд. 
Нуриддин Саид тамоми ғолибонро бо ин пирӯзӣ муборакбод гуфта, дар хонишу фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳо таманно намуд. 
Olimpi4011.jpgСипас аз рӯи натиҷаи соҳибшавӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳои дастаи олимпӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари ғолиб муайян гардид. Ҳамин тавр, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани 8 ҷойи аввал, як ҷойи 2, дуто ҷойи 3 ҷойи аввалро соҳиб гардида, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо видеопроектор ва экран мукофотонида шуд. 
Ҷойи дувум сазовори дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо соҳиб шудани 2-то ҷойи 1, ду ҷойи 2 ва якто ҷойи сеюм бо видеопроектор ва экран сарфароз гардонида шуд. 
Ҷойи севум насиби Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо соҳибгардӣ ба як ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 3-то ҷойи севум ва дуто ҷойи ифтихорӣ бо ноутбук ва экран сарфароз гардонида шуд. 
Ҳамзамон барои ташкил ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои баргузории даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз номи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сипоснома ва якто тахтаи электронӣ тақдим гардид. Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ барои меҳмоннавозӣ ва ташкили шароити хуб барои баргузории ин сабқат ба раёсати ДДМИТ арзи сипосу миннатдорӣ баён намуд. 
Дар охир ҳамаи ғолибон бо вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ва роҳбарони макотиби олӣ ва роҳбарони илмии худ барои хотира аксбардорӣ карданд. 
Тавре ёдрас шудем, дар олимпиада аз 39 муассисаи олии таҳсилоти касбии кишвар наздики 326 нафар ғолибони олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ аз рӯи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисод ва технологияҳои иттилоотӣ дониши худро санҷиданд. 
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун мизбон дар муҳайё сохтани шароит, аз қабили пешниҳоди хобгоҳ, маркази тестии бо компютер таҷҳизонидашуда ва барномаи рангини консертӣ дар сатҳи баланд баргузор шудани ин чорабинии муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ саҳми назаррас гузошт. 


Машҳура Абдуллоева