Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастгирии маъюбон кори хайр аст

Дастгирии маъюбон кори хайр аст

Ҳамасола 5 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқҳои маъюбон қайд карда мешавад. 
Дар Тоҷикистон низ ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ вазифаи муҳими ҳар як шахси башардӯст дониста мешавад ва аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, раёсат ва коллективи меҳнатии ДДМИТ низ аз ин иқдом дар канор нест. 
Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДДМИТ имрӯз, 6.05.2019 дар рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон тасмим гирифт, ки ба 32 нафар донишҷӯи маъюби таълимгоҳ дар ҳаҷми 100-200 сомонӣ кумаки яквақтаи молиявӣ расонад. 
Ин ташаббусро дар оянда низ идома хоҳем дод. 


Шарипов Ҷ.Р., раиси КМИК-и ДДМИТ