Хабарҳо
Шанбегӣ баҳри таҷлили Рӯзи Ғалаба
Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ҳамзамон ҷиҳати иҷроиши босифати қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи таҷлил намудани ҷашни 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» дар ДДМИТ шанбегии умумидонишгоҳӣ ташкил карда шуд.
Шанбегӣ баҳри вусъати корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ санаи 5 май баргузор гардид. Дар шанбегӣ кормандони хоҷагидорӣ, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар умум, зиёда аз 500 нафар аз соати 800 сар карда, то соати 1100 аз даромадгоҳи кӯчаи Нахимов ба самти донишгоҳ то кӯчаи Нахимов 64/14, гирду атрофии хобгоҳи №1-и донишгоҳ бо гузаргоҳҳояш тоза карданд.
Ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо тоза карда шуда, зери дарахтон мулоим карда шуд. Ин навбат даромадгоҳи назди бинои №3 пурра тоза карда шуд. Дар баробари устодону кормандони муассиса донишҷӯёни хобгоҳҳо низ ин навбат дар шанбегӣ фаъолона иштирок доштанд. Онҳо гирду атрофи хобгоҳҳоро пурра тоза карданд.
Ҳамин тавр, пайваста дар ДДМИТ барои ободу зебо ва кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии саҳн ва гирду атрофи он, инчунин саҳм гузоштан дар пешравии шаҳри Душанбе дар донишгоҳ корҳои ободонӣ бовусъат идома дошта, дар он ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат доранд.
Н.Раҳимзода