Хабарҳо
Стипендияи донишгоҳҳои ҷаҳон барои магистрони тоҷик
Санаи 8 майи соли равон дар ДДМИТ вохӯрии донишҷӯёни курсҳои ниҳоии факултаҳои донишгоҳ бо намояндагони Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндаи Институти «Ҷамъияти Кушода» Манучеҳр Камолиддинов ба донишҷӯён вобаста ба татбиқи барномаи Стипендия барои таҳсил дар дараҷаи магистрӣ (СSLA) машварат доир намуд. М.Камолиддинов зимни суханронӣ ба донишҷӯён вобаста ба татбиқи Стипендияи мазкур, ки возеҳан сатҳи касбию таълимӣ ва уҳдадориҳои амиқро дар пешбурди тағйироти мусбии иҷтимоиро дар ҷомеаҳои худ нишон медиҳад, маълумот дод.
Номбурда таъкид дошт, ки Стипендияи СSLA барои дастгирии молиявӣ ва маъмурии омодагардонии пешазтаълимӣ дар мактаби тобистона, сафарҳо вобаста ба барнома, пардохти таҳсил, хароҷоти донишгоҳҳо, моҳонаи хобгоҳ, хӯрока, суғуртаи саломатӣ дар давоми таҳсил, маблағ барои маводи таълимӣ ва рушди касбият, иштирок дар конфронси минтақавии Барномаи Стипендия ва таъмини манзили имконпазир барои шахсони имконияташон маҳдуд равона шудааст.
Бояд таъкид кард, ки шарикони Стипендияи СSLA донишгоҳҳои Аврупо, Британияи Кабир, ИМА ва баъзе кишварҳои Осиё мебошанд, ки дар соҳаҳои коммуникатсия ва ВАО, фарҳанг, таърих ва ҷомеа, таҳсилот оид ба рушд, иқтисодиёт, идоракунии таҳсилот ва сарварӣ, муҳити зист ва идоракунии захираҳои табиӣ, таҳсилот оид ба масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносӣ, сиёсат ва таҳқиқоти байналмилалӣ, сиёсати тандурустии ҷамъиятӣ ва идоракунии тандурустӣ, сиёсати давлат, кори иҷтимоӣ ва сиёсати иҷтимоӣ мутахассис омода мекунанд.
Инчунин бояд довталабон барои иштирок дар барнома ба меъёрҳои доштани тамоюлҳои тахассусӣ, малакаи зеҳнӣ, тавонмандии пешсафӣ дар ҷомеа, дараҷаи бакалаври бомуваффақ ва дониши хуби забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ ҷавобгӯ бошанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ байни намояндаи Институти «Ҷамъияти Кушода» ва донишҷӯён вобаста ба Стипендияи СSLA ва роҳҳои дарёфти он барои таҳсил саволу ҷавоб сурат гирифт.
Н.Раҳимзода