Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибон қадрдонӣ шуданд

Ғолибон қадрдонӣ шуданд

Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки дар ҷамъбасти даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Фиристода бояд, ки доно бувад…», ки санаи 3-4 майи соли равон дар донишгоҳ баргузор гардид, аз рӯи натиҷаҳои бадастомада ДДМИТ ба қатори сегонаи беҳтарин дар байни 39 муассисаи олии таҳсилоти касбии кишвар дохил шуд. Донишҷӯёни ДДМИТ ба муваффақиятҳои беҳтарин ноил гардиданд ва номи донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳурӣ боло бардоштанд. Дар ин радиф нақши донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнес Пайшанбе Додихудоев ва Сафия Камбарова барои ба даст овардани ғолибият дар олимпиада калидӣ аст. Бинобар ин бо тасмими садорати факулта санаи 8 май ба донишҷӯёни ғолиб ифтихонома ва медалҳои ифтихорӣ сафароз гардонида шуданд. Инчунин донишҷӯён Нодир Джураев, ки соҳиби ҷои аввал дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба «каретэ-до», ки санаи 1-2 – майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд ва Шаҳбоз Камолов барои ишғол намудани ҷои сеюм дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “бокс”, ки санаи 5 май баргузор гардид, бо ифтихорнома ва медал қадрдонӣ гардиданд. 


Qadr401.jpg


Бояд ёдовар шуд, ки Пайшанбе Додихудоев – донишҷӯи курси 2, ихтисоси андоз ва андозбандии факултети иқтисод ва бизнес аз фанни назарияи иқтисодӣ бо роҳбарии ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Давлатмамад Балхов сазовори ҷойи якум бо медали тилло, Дипломи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Сафия Камбарова – донишҷӯи курси 1, ихтисоси андоз ва андозбандии ДДМИТ аз фанни биология ва экология бо роҳбарии ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Рустам Яқубов сазовори ҷойи дувум бо медали нуқра, Дипломи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сарфароз гардида шуданд. 







Н.Раҳимзода