Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Лоиҳаи донишҷӯи мо – дар қатори беҳтаринҳо

MAnj190.jpgДонишҷӯи курси 3, ихтисоси молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии факултети МИБ Манучеҳр Холов дар акселератори «Соҳибкор 2030» ва форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ- «Роҳхои расидан ба муваффақияти касбӣ» ки бо ташаббуси Маркази захиравии СММ рӯзҳои 1-3 май доир гашт, иштирок намуда, лоиҳаи иҷтимоии худро муаррифӣ намуд. 
Лоиҳа «Ты не один - Подумай о других» («Ту танҳо нестӣ - Дар бораи дигарон низ фикр кун») ном дошта, мақсади он таъсиси муассисаи махсуси миёна барои кӯдакони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва ятимон мебошад. Дар форуми мазкур ин лоиҳа ба 10-гонаи беҳтарин шомил шуда, барои комилтар намудани он грант ба маблағи 200 ҳазор рубли русӣ дода шуд. 
Манучеҳр қаблан дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Алмато дар тренингҳои омӯзишӣ иштирок намуда, дар асоси таҷрибаҳои андӯхтаи худ ин лоиҳаи иҷтимоиро пешниҳод намудааст. Боиси хушнудист, ки он аз ҷониби коршиносон баҳои хуб гирифт ва маслиҳатҳои худро барои идомаи фаъолият аз Манучеҳр дареғ надоштанд. 
- Тибқи маълумоти оморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 150 ҳазор одамони дорои қобилияти ҷисмонияшон маҳдуд зиндагӣ мекунанд, ки аз ин шумора беш аз 24 ҳазор нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ман ният дорам, ки ин лоиҳа дар шаҳри Душанбе ва баъдан дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ дар сурати дарёфти сармоягузорон тадбиқ шавад, - мегӯяд Манучеҳр. 
Айни замон Манучеҳр барои комилтар сохтани лоиҳаи худ машғул буда, барои иштирок дар форум-лагери байналмилалии тобистонаи ҷавонон «JASHTYK: – Территория новых идей», ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Кирғизистон доир мегардад, даъватнома гирифтааст. 


Насрулло Тӯйчизода