Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Банақшагирии буҷети давлатӣ ва таҳияи он

Банақшагирии буҷети давлатӣ ва таҳияи он

10 майи соли равон дар донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи менеҷменти молиявӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Банақшагирии буҷети давлатӣ ва таҳияи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ, дотсент Ш. С. Нуров оғоз намуда, дар бораи таъсири бошууронаи идоракунӣ ва рушду мукаммалгардонии он суханронӣ намуд. Сипас узви маҳфил, донишҷӯи курси 3-и ихтисоси менеҷменти молиявӣ Фахриддин Абдураҳимов дар мавзӯи мазкур баромад намуд. 
Зикр гардид, ки молияи давлатӣ бевосита ба доираи идоракунии давлатӣ дохил мегардад. Буҷети давлатӣ захираи асосии маблағҳои пулӣ мебошад, ки дар шакли нақшаи молиявии давлат оид ба ҷамъоварӣ, аз нав тақсим кардан ва истифодаи маблағҳои пулӣ тартиб дода шуда, дар шакли қонун қабул ва амалӣ карда мешавад ва аз ин ҳисоб мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузошташударо иҷро менамоянд. Аз ин хотир, идоракунии молияи давлатӣ- ин идоракунии самараноки ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ ва сарфкунии маблағҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. 
Дар охир, байни иштирокчиёни маҳфил саволу ҷавоб ва андешарониҳо сурат гирифт. 


Н. Тӯйчизода