Хабарҳо
Нақш ва мавқеи КАС дар рушди иқтисодиёт
Санаи 14 майи соли равон дар ДДМИТ мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақш ва мавқеи КАС дар рушди иқтисодиёт» баргузор гардид. Дар оғоз Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илми донишгоҳ суханронӣ намуда, мавзӯи баррасишавандаро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод. Зимни суханронӣ Б. Сафаров иброз дошт, ки сол то сол инкишоф ёфтани соҳаи саноат ва рушди бемайлони иқтисоди кишвар сабаб гардид, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «саноатикунонии босуръати кишвар»-ро ҳадафи чаҳоруми стратегӣ эълон карданд. Ин ташаббуси Пешвои миллат сабаб гардид, ки минбаъд ба ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардад ва баҳри расидан ба ин аҳдофи миллӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо дар соҳаи иқтисод ба харҷ диҳем. Дар идома номбурда баргузории чунин мизҳои мудавварро, ки вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст ва баҳри расидан ба ин ҳадаф имконият фароҳам меорад, саривақтӣ донист.
Пас аз он Ҷалил Пиризода, директори Институти кишоварзии АИК ҶТ дар мавзӯи «Нақши корхонаҳои агросаноатӣ дар рушди иқтисоди кишвар» маърӯза намуд. Ҷ. Пиризода ҳангоми баромад ба масъалаҳои асосии нақш ва аҳамияти КАС дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ истода гузашта, оид ба сохтори соҳавии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, меъёрҳои физиологии тавсиявии истеъмоли маҳсулоти хӯрока, дараҷаи таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти асосии кишоварзӣ ва талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ба ин маҳсулотҳо маълумоти мушаххас дод. Мавсуф зимни баромад таъкид дошт, ки оид ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 26 декабри соли 2018 чунин қайд намуда буданд: “Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад”. Инчунин, зимни маърӯза баромадкунанда марҳилаҳои расидан ба ҳадафҳои гузошташударо зикр намуд, ки бояд давраи гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ (солҳои 2016-2020), марҳилаи рушди суръатнок, ки ба ҷалби сармоягузориҳо асос ёфтааст (солҳои 2021-2025) ва марҳилаи ба анҷом расонидани индустриализатсияи босуръат ва ташаккули иқтидорҳо барои рушд дар асоси дониш ва навовариҳо (солҳои 2026-2030)-ро бояд тай намуд.
Баъд аз ин Аброр Мирсаидов, профессори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ дар мавзӯи «Нақши хоҷагиҳои деҳот дар рушди иқтисоди Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба вазъи кунунии хоҷагиҳои деҳоти дар ҳудуди кишвар фаъолияткунанда ибрози андеша намуд. А. Мирсаидов зимни баромад таъкид кард, ки гузариш аз кишвари агросаноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ имкон медиҳад, ки ҳарчӣ зудтар ва босамараноктар кишвар ба ҳадафи чаҳоруми миллӣ «саноатикунонии босуръати кишвар» ноил гардад, ки дар ин миён нақши хоҷагиҳои деҳот назаррас аст. Дар баробари ин вусъат додани шуғли пурмаҳсули аҳолии деҳот ва баланд бардоштани дараҷаи касбияти мутахассисони хоҷагиҳои деҳот аз эътибоб дур нест. Дар робита ба ин номбурда ишора намуд, ки баҳри ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар соҳаи иқтисоди кишвар бояд хоҷагиҳои деҳот бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин карда шаванд. Зеро дар ин ҳолат ҳам самаранокии кишт зиёд мегардад ва ҳам вақт бурд мекунем. Дар ин ҳолат метавон ба ҳадафҳои минбаъдаи иқтисодӣ зина ба зина ноил гардид.
Дар анҷом вобаста ба ҳадафи чаҳоруми стратегӣ, гузариш аз кишвари агросаноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ ва мушкилоту дурнамои самтҳои болозикр музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Н.Раҳимзода