Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Форуми ҷавонони соҳибкор дар ДДМИТ

Форуми ҷавонони соҳибкор дар ДДМИТ

Баҳри таҷлили бошукӯҳ ва хотирмони Рӯзи ҷавонон санаи 16 майи соли равон бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ДДМИТ Форуми рушди фаъолияти соҳибкорӣ миёни ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон муҳаррики рушди фаъолияти соҳибкорӣ» баргузор гардид. Дар оғоз Иброҳим Мирзозода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе форумро ифтитоҳ намуда, вобаста ба нақши ҷавонон дар рушди соҳибкорӣ суханронӣ намуд. И. Мирзозода зимни баромад иброз дошт, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонони кишварро дар мадди аввали ташаббусҳо ва бунёдкориҳо қарор додааст, зеро ҷавонони имрӯза ояндаи давлату миллат мебошанд. 
Дар ин замима, нақши онҳо дар пешбурди субъектҳои соҳибкории хурду миёна калидӣ буда, дар рушди иқтисоди миллӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Бинобар ин, фаъолияти ҷавонони имрӯза дар самти молия ва иқтисод назаррас аст. Дар баробари ин, нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбии самтҳои молия ва иқтисод ҳам дар омода кардани кадрҳои молиявию иқтисодӣ аз манфиат холӣ нест. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахири худ ба соҳибкорони ватанӣ тамоми имкониятҳо ва сабукиҳоро доданд, ки барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби ҷавонони кишвар заминаи мусоид ва устувор хоҳад буд, – иброз дошт И. Мирзозода. 
Form401.jpgДар идомаи форум Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ баромад намуда, ба нуктаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи насли ояндасози миллат истода гузашт. Номбурда зимни баромади худ ёдовар шуд, ки имрӯз нисбат ба даҳсолаи ахир таваҷҷуҳи ҷавонони ҷумҳурӣ ба сармоя ва тиҷорат афзудааст. Бинобар ин, ба истифода аз ин фурсат ҷавонони майлу рағбатдор ва соҳибистеъдоду навоварро дар самти соҳибкорӣ ва тиҷорат бояд ҷалб кард. Дар ин радиф баланд бардоштани маърифати молиявӣ дар байни ҷавонони кишвар тадбири саривақтӣ аст. 
Сипас Манижа Давронова, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди миллӣ ва мавқеи соҳибкорони ватанӣ дар ин самт ибрози ақида намуд. Мавсуф дар суханронии худ қайд намуд, ки ба роҳ мондани соҳибкории хурду миёна вобаста ба талаботи ҷомеа ва рушди иқтисодиёт яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ташкили корхонаҳо ва ташкилотҳои хурду миёнаи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ дар кишвар имкон медиҳад, ки фазои рақобати иқтисодӣ ба вуҷуд ояд, ки ин яке аз омилҳои иқтисоди бозаргонӣ ба шумор меравад. 
Инчунин, дар рафти форум устодони ДДМИТ Беҳрӯз Саидов дар мавзӯи «Аудит» ва Ҷовидон Халифазода дар мавзӯи «Соҳибкории инноватсионӣ» ва Орзумурод Раҳимбердиев, донишҷӯи курси 2 факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ дар мавзӯи «Чӣ тавр метавонем ба соҳибкорӣ машғул шавем?» баромад намуданд. Баромадкунандагон фикру ақида ва пешниҳодоти худро вобаста ба рушди соҳибкории ватанӣ ва, дар ин баробар, роҳҳои ноил шудан ба ҳадафи миллӣ - «саноатикунонии босуръати кишвар»-ро иброз доштанд. 
Дар анҷоми чорабинӣ вобаста ба ҳадафҳои миллӣ ва нақши ҷавонони кишвар барои ноил гаштан ба ин аҳдоф музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода