Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши ширкатҳои суғуртавӣ дар рушди бозори молиявӣ

Нақши ширкатҳои суғуртавӣ дар рушди бозори молиявӣ

Санаи 18 майи соли равон бо ташаббуси кафедраи суғуртаи факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ дар мавзӯи «Нақши ширкатҳои суғуртавӣ дар рушди бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки васеи мутахассисони соҳа аз Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои суғуртавии кишвар мизи мудаввар баргузор гардид. Онро Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илми донишгоҳ оғоз бахшида, оид ба нақши суғурта ва аҳамияти он дар пешбурди бозори молиявии ҷумҳурӣ суханронӣ намуд. 
Дар кори мизи мудаввар Фаррух Сафаров, муовини сардори Идораи назорати суғуртаи Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба нақши ташкилотҳои суғуртавӣ дар рушди бозори молиявии Тоҷикистон баромад намуд. Ф. Сафаров зимни баромад оид ба вазъи имрӯзаи ташкилотҳои суғурта дар ҷумҳурӣ сухан ронда, иброз дошт, ки имрӯз аз сабаби дуруст дарк накардани мафҳуми суғурта аз ҷониби ҷомеа кори ташкилотҳои суғуртавӣ ба ҳадди қонеъкунанда пеш нарафтааст. Дар аксари кишварҳои ҷаҳон нишондиҳандаи дороиҳои ташкилотҳои суғуртавӣ нисбат ба ММД ниҳоят баланд буда, нақши зиёди онҳоро дар низоми молиявӣ нишон медиҳад. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Ҷопон 78,9%, Канада 77,8%, Ҳолланд 71,2% ва Сингапур 44,6%-ро ташкил медиҳанд. Давраи соли гузашта дороиҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта вобаста ба зиёд шудани сармоя ба маблағи 63,2 млн сомонӣ ё 20% афзуда, ба 378,8 млн сомонӣ баробар гардид, ки он 0,5%-и ММД-ро ташкил медиҳад. 
Sugur401.jpgДар идомаи мизи гирд Идрис Аминов, муовини директори ҶДММ ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ» дар мавзӯи «Суғуртаи амволи кишоварзӣ дар рушди бозори суғурта» маърӯза намуд. Номбурда дар рафти баромад нақши бахши суғуртаро яке аз умдатарин роҳҳои ғанигардонии молияи кишвар донист. Инчунин, мавсуф оид ба вазъ ва дурнамоии суғуртаи амволи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ маълумот дода, риояи қонунияти иқтисодӣ «талабот ва пешниҳод» дар ин навъи суғуртаро муҳим арзёбӣ кард. Дар ин баробар, нақш ва мавқеи мутахассисони соҳаро дар пешбурди суғурта калидӣ дониста, ҷалби сармоягузориҳои ташкилотҳои хориҷиро дар ин раванд саривақтӣ хонд. И. Аминов ҳамзамон нақш ва муҳимияти рекламаро дар пешбурд ва тарғиби суғурта муҳим донист. Ба иттилои номбурда, ҳоло ҶДММ ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалини миллӣ» 5%-и сармояашро ба самти реклама сарф мекунад, ки ин заминаи устувор барои пешбурди кори ташкилот мегардад. 
Дар музокира Исматулло Абдураҳмонзода, муовини ТС «Муин», Ҳасан Қодиров, муовини сардори Идораи назорати суғуртаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Ш. Сайдуллоев, раиси Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртаи Тоҷикистон иштирок намуда, мавзӯъҳои умдаи соҳаро мавриди таҳлил қарор доданд. 
Дар анҷом саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода