Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Душанбе

Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Душанбе

Дирӯз, 19 майи 13-умин Дави миллӣ дар сартосари ҷумҳурӣ баргузор гардид. Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 438839 нафар дар Дави миллӣ иштирок намуданд, ки аз ин шумора 121029 нафарро бонувон ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе баҳри иштирок дар 13-умин Дави миллӣ ва дуюмин марафони велосипедронӣ ҳудуди 50 000 нафар ширкат карданд. Иштирокчиёни ин маъракаи муҳими варзиширо Лутфия Абдухолиқзода, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш шодбош гуфтанд. Дар дави миллӣ тамоми кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии пойтахт иштирок менамоянд. 
Инчунин дар Дави миллӣ устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ, ки теъдоди 400 нафарро ташкил медоданд, фаъолона иштирок карданд. Бояд ёдовар шуд, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2007 якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад, ки сол аз сол шумораи иштирокчиён афзуда истодааст. 
Ёдрас мешавем, ки аз соати 7:00 то 8:00 марафони велосипедронӣ ва аз соати 8:00 то 9:30 Дави миллӣ, тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.