Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастболоии Мумтоз дар мусобиқаи шоҳмот

Дастболоии Мумтоз дар мусобиқаи шоҳмот

Санаи 18 майи соли равон дар Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаҳо донишҷӯёни ДДМИТ низ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. 
Дар мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставии ВКД ҶТ оид ба шоҳмот байни донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои миёнаи касбӣ, ки таҳти унвони «Варзиш барои ҳаёти солим ва зидди нашъамандӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор гардид, донишҷӯи мо Мумтоз Нуриддинзода, донишҷӯи курси 3, ихтисоси идораи ҳайати кадрии факултети иқтисод ва бизнес соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид. Дар ҷамъбасти мусобиқа Мумтоз байни 20 рақиб ҷойи дуюмро ба даст овард ва бо Диплом ва медал барои ҷойи дуюм аз ҷониби вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода супорида шуд. 
Бояд ёдовар шуд, ки мураббии Мумтоз муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи граждании ДДМИТ Эламонов Т.О. мебошад.