Хабарҳо
Стандартҳои таъмини сифати беруна ва дохила
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва саҳми стандартҳои таъмини сифати берунӣ ва дохилӣ (EQA, IQA) ва принсипҳои идоракунӣ, инчунин раванди пилотикунонӣ барои мактабҳои олӣ санаи 20 майи соли ҷорӣ дар ДДМИТ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Раванди омӯзиш ҳамроҳ бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ГАКСО) аз 20 то 21-уми май дар донишгоҳ баргузор мегардад. Ҳадаф аз омӯзиш барои ҳар як муассисаи олии пилотӣ оид ба стандартҳои таъмини беруна ва дохила, инчунин раванди худбаҳодиҳӣ, ки маълумоти принсипҳои идоракунии худбаҳодиҳиро дар бар мегирад, ташкил медиҳад. Чунончи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 вобаста ба сифати таълим ишора карда буданд: «таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад». ДДМИТ низ баҳри татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат дар самти маориф ва илм чораҷӯйиҳои назаррасро амалӣ карда истодааст. Омӯзиши мазкур низ айнан баҳри пайдо кунонидани тасаввурот оид ба стандартҳои таъмини сифати берунӣ ва дохилӣ ва худбаҳодиҳӣ дар миёни мактабҳои олии пилотӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар омӯзиш мутахассисони ЭККА Ҳели Меттисон ва Ҳиллар Бауман, шахсони масъул барои донишкадаҳои аккредитатсияшуда аз ГАКСО, Амрулло Нурализода, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм, деканони факултаҳо, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар рафти омӯзиш мутахассисон дар мавзӯи «Стандарт ва методологияи донишкадаҳои аккредитсияшудаи муассисаҳои олии Тоҷикистон» баромад намуданд. Онҳо оид ба мақсад ва натиҷаи омӯзиш, системаи маорифи Ҷумҳурии Эстония ва ЭККА, стандарт ва тавсифи кафолати сифати макотиби олии Аврупо, дастовард ва мушкилоти муассисаҳои олии Тоҷикистон, раванди пилотикунонӣ барои мактабҳои олии аккредитатсияшуда: мақсад, раванд, стандарт ва меъёри донишкадаҳои аккредитсияшуда маълумот дод.
Раванди омӯзиш дар доираи барнома идома дорад.
Н.Раҳимзода