Хабарҳо
"ДУХТАРОНИ САРВАР"-И ДДМИТ
Дастоварде, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони кишвар аз он мебояд истиқбол намуд. Имрӯз 20 майи соли 2019, 11 нафар донишҷӯдухтари фаъоли Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон пас аз итмоми бо муваффақияти курси омӯзишии "Духтарони сарвар", ки бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби Муинӣ Мавсума Муинзода бо гувоҳномаи хатми курси мазкур сарфароз гардиданд.
Бояд дарҷ намуд, ки давоми бештар аз ду моҳ беҳтарин мутахассисони сохторҳои гуногуни пешбарандаи ҷомеа, олимону сиёсатшиносон, ҷомеашиносону намояндагони фаъоли созмонҳои ҷамъиятиву ҷомеаи шаҳрвандӣ ба духтарони курси мазкур дарс гуфтанд. Зимнан ёдовар мешавем, ки 11 нафар фарогирифтагони курси мазкурро, ки шумораи умумии онҳо ба бештар аз 50 нафар мерасид, донишҷӯдухтарони фаъоли Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар бар мегирифтанд, ки шумораи онҳо дар асоси як дархости сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ ба унвонии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то ин ҳад расонида шуд.
Ҳадаф аз роҳандозии иқдоми мазкур ташаккули неруи сиёсиву зеҳнии ҷовондухтарон, омода ва ба хизмати давлатӣ сафарбар намудани онҳо мебошад.
Гулмадзода Манижа - хатмкардаи курс, донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ