Хабарҳо
Пайравони Пешвои миллат бо шаҳодатнома сарвароз гардиданд
7-уми майи соли 2019 дар толори Кумитаи миллии олимпӣ бо иштироки Абдуллозода Аҳтам Рустам-раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дарси ҷамъбастии курси омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» доир гардид, ки зимни он намояндагони вазорату кумитаҳо, васоити ахбори омма, ниҳодҳои ҷамъиятиву кор бо ҷавонон ва фарогирифтагони курси мазкур ширкат варзиданд.
Зимни суханронии худ Аҳтам Абдуллозода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда барои ҷавонони кишвар дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ибрози андеша намуда, баён дошт, ки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ба масъалаҳои меҳварии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Дар ҳамин замина дастгирии ҷавонон дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва имкониятҳои мавҷуда беш аз пеш густурдатар мегардад.
Дар интиҳои дарс ба шунавандагони курси омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат», ки шумори онҳо бештар аз 60 нафарро дар бар мегирифт, шаҳодатнома тақдим карда шуд.
Бояд дарҷ намоем, ки аз миқдори умумии шунавандагони курси мазкур 8 нафарашон донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, Давлатзода Дилшод, Нуров Ҷамшед, Меҳрангез Холова, Қурбонзода Манучеҳр, Озорова Мавзуна, Назаров Нуриддин, Fафурзода Намуна, Давлатзода Ҳусейн буданд.
Дар ҷараёни баргузории курс ба шунавандагон аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ, ниҳодҳои бузурги соҳибкорӣ, ниҳодҳои ҷамъиятию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дарс гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки курси мазкур 5 феврал оғоз гардида буд ва дар асоси як дархости сардори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба унвонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди шунавандагони курси мазкур аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли ДДМИТ ба 8 нафар расонида шуд.
Фарогирифтагони ин курс метавонанд пас аз хатми донишгоҳ барои фаъолият ба хизмати давлатӣ махсусан дар сатҳи вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳ ёбанд. Феълан Қурбонзода Манучеҳр Қурбоналӣ, ки соли ҷорӣ ДДМИТ-ро хатм намуд, ба ҳайси сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб ба кор қабул гардид.
Имрӯз 21 майи соли 2019 бо донишҷӯёни фаъоли ДДМИТ, ки хатмкардагони курси «Пайравони Пешвои миллат» буданд, Давлатзода Абдулло -сардори раёсати корҳои тарбиявӣ вохӯрӣ доир намуд. Зимни баргузории вохӯрӣ ба онҳо тавсияҳо бобати ташаккули маърифати шаҳрвандӣ, ҳисси хештаншиносиву худогоҳӣ ва муқаддас доштани Ватан-модар дода шуд.
Давлатзода Дилшод -шунавандаи курси «Пайравони Пешвои миллат»