Хабарҳо
Омӯзгорон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд
Рӯзи 21 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муоинаи тиббии кормандону омӯзгорон доир гардид. Муоинаи тиббӣ тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол як маротиба гузаронида мешавад. Муоинаи тиббиро мутахассисони Маркази муоинаи профилактикии тиббии худмаблағгузор гузарониданд. Омӯзгорону кормандон аз муоинаи табиби бемориҳои дарунӣ, табиби бемориҳои пӯст, табиби бемориҳои чашм, табиби бемориҳои занона, асабшинос, табиби бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ гузаштанд ва барои пешгирии бемориҳо ва беҳтар кардани саломатиашон тавсияҳои мутахассисони касбиро гирифтанд.
Ҳамчунин таҳлили хун ва флюораграфияи қафаси сина гузаронида шуд.
Тавре ҳамшираи тиббии донишгоҳ Тешаева Хайринисо иттилоъ дод, дар умум 400 нафар омӯзгорону кормандони донишгоҳ мувофиқи шартнома байни ДДМИТ ва МММПТХ аз муоинаи тиббӣ мегузаранд ва он то соати 17 идома хоҳад ёфт.
Абдуллоева М.