Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Базми ҷавонӣ

Базми ҷавонӣ

Ба ифтихори таҷлили Рӯзи ҷавонон санаи 22 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамъомади бошукуҳ баргузор гардид. Онро бо сухани табрикотӣ ректори таълимгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ намуда, ҷавононро бо ин рӯз муборакбод гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки рушди ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати мамлакат ва шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи бештар дода, ба ин қишри ҷомеа эътимоду боварӣ доранд. Яке аз иқдомоти бузурге, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто амалӣ намудаанд, ин дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, ҷалби бештари онҳо ба корҳои давлатӣ, ҷорӣ кардани квотаи президентӣ барои ҷавонони лаёқатманд, ташкили ММТ назди Президенти ҶТ ва дигар тадбирҳои ба ин монанд мебошад. Албатта, ин дастгирию боварӣ ҷавононро ҳушдор месозад, ки дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва зиракии сиёсӣ ба камол расида, ҳамеша дар пайи такмили сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ ва малакаи хеш бошанд. 
Rjav401.jpgВатандӯстӣ на дар сухан, балки дар амал бояд ифода ёбад. Ҳар як нафари ватандӯст бо амали нек ва созанда метавонад ба рушди сарзамин ҳисса гузорад. Ҷавонони ҳушманд бо дониши мукаммал ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо метавонанд дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд, - гуфт ректор дар ҷамъбаст. 
Ҳамчунин, ректор аз дастовардҳои охири ҷавонони донишгоҳ дар мавриди ғолибият дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ изҳори қаноатмандӣ карда, афзудани музаффариятҳои навинро таманно намуд. 
Дар давоми чорабинӣ ба донишҷӯён ва магистрантони фаъол – Давлатзода Д., Рафиқзода А., Бобомуродзода Ф., Нуров Ҷ., Умарзода У., Гулов С., Муқимова С., Қамбарова С., Гулов Ш., Гулмадзода М., Атоев Р., Мирзоев Д., Шукурова Ҳ., Мирзоев Ҷ., Ҷунайдов А., Бобозода З. дар фазои тантанавӣ Сипосномаи раёсати донишгоҳ супорида шуд. Баъдан аз ҷониби дастаи «Ҷавонӣ»-и донишгоҳ бо роҳбарии Ҷурамуроди Муҳаммадназар барномаи рангини консертӣ иборат аз рақсу суруд, шеърхонӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ намоиш дода шуд, ки басо ҷолибу диданӣ буд. 




Машҳура Абдуллоева