Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибияти варзишгари ДДМИТ

Ғолибияти варзишгари ДДМИТ

Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон санаи 21 майи соли равон бо ибтикори Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгорони мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи картингронӣ байни донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадаҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар мусобиқа Иқболшо Муминов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси идораи давлатии факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ фаъолона ширкат варзида, дар охир аз ҷониби раиси кумита, генерал-майор Ф.Лангариев бо Дипломи дараҷаи 3, медал ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуд. 
Ёдовар бояд шуд, ки роҳбари Иқболшо ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ Сулаймон Шафиев мебошад.