Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Суратҷода Шӯрои диссертатсионӣ Маркази ТИК Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"

Хабарҳо

Ғолибони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» муайян шуданд

Ғолибони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» муайян шуданд

Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 09.02.2019, №АП-1165 дар пайравӣ ба озмуни ҷумҳуриявӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гаштааст, як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Аз ҷумла бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ маҳфили илмӣ-адабии донишгоҳӣ зери унвони «Сайри сухан» таъсис дода шуд, ки мақсад аз таъсиси чунин маҳфил дар донишгоҳ ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию маърифатӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, рушди ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва докторантони донишгоҳ мебошад. 
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз рӯи чор номинатсия: аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик, аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик, аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик ва аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон гузаронида мешавад. 
Дар асоси Низомномаи маҳфили аъзои комиссия аз ҳисоби устодони пуртаҷрибаи донишгоҳ аз қабили Ҷумъа Махшул, Додарова Тобонбӣ, Хоҷаев Даврон, Сабуров Убайдулло, Давлатзода Абдулло таъсис ёфт. Озмуни мазкур аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ инҷониб миёни 10 дастаи хобгоҳҳои донишгоҳ, ҳафтае 3 маротиба баргузор гардида, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд. 
Ёдовар бояд шуд, ки аз рӯйи натиҷагирии 3 давр дастаҳои зерин ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуда, ғолиби озмун эълон шуданд. Аз ҷумла дастаи “Ҷавонони саодатманд” бо гирифтани 93 хол соҳиби ҷойи 1-ум, дастаи “Пайравони Пешвои миллат” бо гирифтани 86 хол соҳиби ҷойи 2-юм ва дастаи “Ҳамфикрон” бо гирифтани 81 хол соҳиби ҷойи 3-юм. Лозим ба ёдоварист, ки дар оянда низ баргузории чунин маҳфилҳо дар ДДМИТ дар назар аст.