Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шоми ҷавонии донишҷӯёни ДДМИТ

Шоми ҷавонии донишҷӯёни ДДМИТ

Ба ифтихори таҷлили Рӯзи ҷавонон ва иҷроиши дастури роҳбарияти донишгоҳ баҳри таҷлили бошукуҳи ин ҷашн бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявӣ шоми 23 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шоми ҷавонии донишҷӯён баргузор гардид. 
Дар шоми ҷавонӣ аз ҷониби дастаи «Ҷавонӣ»-и донишгоҳ бо роҳбарии Ҷурамуроди Муҳаммадназар барномаи рангини консертӣ иборат аз рақсу суруд, шеърхонӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ намоиш дода шуд. Чорибиниро, ки дар он теъдоди зиёди донишҷӯёни хобгоҳҳои №1 ва №2 иштирок доштанд, бо рақсу бозӣ боз ҳам рангинтар карданд. 
Ёдовар бояд шуд, ки санаи 22 май дар ДДМИТ бо иштироки роҳбарият, устодону кормандон ва теъдоди зиёди донишҷӯён базми ҷавонӣ баргузор гардида буд.