Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷавонон-неруи пешбаранда ва созанда

Ҷавонон-неруи пешбаранда ва созанда

Зери ин унвон 21 майи соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ доир гардид, ки дар он аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳия, донишҷӯёну ҷавонони фаъол ва афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия ширкат варзиданд. 
Чорабинӣ аз қисмати сиёсиву фарҳангӣ иборат буд, ки дар бахши сиёсии он Зарина Файзуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Зарнигор Раҷабзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Суфизода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Хайриддин Усмонзода, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода вобаста ба паҳлуҳои гуногуни татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ намуданд. 
Дар қисмати фарҳангии чорабинии мазкур ансамбли фарҳангии ДДФСТ, ҳунармандони шоистаи кишвар бо пешкаши намоиши фарҳангӣ руҳияи иштироккунандагони ҳамоишро болида сохтанд. 
Дар ҳамоиши мазкур Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро намояндагони раёсати корҳои тарбиявӣ бо намоиши дастовардҳои олимони ҷавону донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ намуданд. 


Х.Холмуродов, мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ