Хабарҳо
Сафи номзадони илм афзуд
Рӯз ба рӯз зиёд шудани теъдоди устодони унвони илмидор яке аз пешравиҳои илмии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, барои тақвияти иқтидори илмии донишгоҳ мусоидат менамояд.
Ин навбат як муҳаққиқи ҷавон – аспиранти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ Давлатов Баҳрулло Раҳмонқулович рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Дар таърихи 25 майи соли ҷорӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014 дар пойгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур Давлатов Б.Р. дар мавзӯи «Хусусияти рушди кооператсияи хоҷагии қишлоқ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон» зери роҳбарии Бобоҷонов Даврон Дадаҷонович, доктори имлҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди ҷаҳони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, номзади имлҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуд.
Аҳли кормандони донишгоҳ Баҳрулло Давлатовро бо ин дастовард табрик гуфта, ба корҳои илмию педагогии минбаъдаи ӯ барор хоҳонанд.