Хабарҳо
Соҳибкории деҳот ва рушди он
Баҳри баланд бардоштани донишҳои иқтисодӣ санаи 29 майи соли ҷорӣ семинари навбатии «Муҳаққиқони ҷавон» баргузор гардид. Дар семинар Нурмаҳмад Каримов, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзӯи «Ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ» баромад намуда, вобаста ба мафҳуми соҳибкорӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёд ва омӯзиши бозори деҳот, талаботи истеҳсолот, масъулияти соҳибкорӣ дар деҳот, таваккал дар бахши аграрӣ ва суғурта ва дастгирии давлат дар самти кишоварзӣ маълумот дод.
Номбурда зимни маърӯза ёдовар шуд, ки дар деҳот ду намуди соҳибкорӣ ривоҷ ёфтааст, ки онҳо соҳибкории кишоварзӣ ва соҳибкории ғайрикишоварзӣ мебошанд. Имрӯз дар самти фаъолияти соҳибкории кишоварзии деҳоти кишвар як қатор мушкилот ҷой доранд, ки барои ҷоннок кардани фаъолияти онҳо бояд тадбирҳои нав андешида шаванд. Таъмини амнияти озуқаворӣ, ки имрӯз ҳадафи стратегии кишвар мебошад, дар татбиқи он нақши соҳибкории кишоварзӣ дар деҳот нақши муҳим дорад.- гуфт Н. Каримов.
Инчунин зимни семинар бо назардошти комилан тағйир ёфтани шаклҳои механизми хоҷагидорӣ ва такмилдиҳии низоми ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодию молиявӣ лозим аст, ки танзими давлатӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ барои бартараф кардани монеаҳо ҳангоми гирифтани қарзҳои бонкӣ соҳибкорони деҳот, бартараф кардани таъсири омилҳои маъмурӣ, шароит фароҳам овардан барои таъсис ва истифодаи лоиҳаҳои грантӣ дар бахши аграрӣ ва ташаккул додани муҳити шаффофи рақобат дар соҳаи аграрӣ сафарбар карда шавад.
Дар анҷом дар музокира Саъдихуҷа Маъдиев, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва Манучеҳр Садриддинов, мудири кафедраи аудит ва ревизия баромад намуда, масъалаҳои ҳалталаби самти соҳибкории деҳот ва дастгирии онҳоро аз ҷониби давлат мавриди таҳлил қарор доданд. Инчунин саволу ҷавоб сурат гирифт.
Н.Раҳимзода