Хабарҳо
Оғози сессияи имтиҳонҳои тобистона дар ДДМИТ
Шурӯъ аз имрӯз, 30 май сессияи имтиҳонотии нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 дар донишгоҳ оғоз гардид. Чунончи, аз раёсати таълим иттилоъ доданд, дар ин бора фармоиши ректори ДДМИТ аз 13 майи соли ҷорӣ таҳти рақами №628/д-и оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани сессияи имтиҳонотии тобистонаи соли таҳсили 2018-2019 барои донишҷӯён ва магистрантони шуъбаи рӯзона ба тавсиб расидааст. Фармоиши мазкур дар асоси талаботи «Тартиб ва ташкили раванди сессияи имтиҳонотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми кредитии таҳсилот», ки тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2016, №19/24 қабул гардидааст ва бо дарназардошти талаботи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ имзо шудааст.
Мувофиқи фармоиш барои магистрантони курси 1-ум ва донишҷӯёни курсҳои 1-ум то 3-юми низоми кредитии таҳсилот давраи баргузории сессияи имтиҳонотӣ аз 30 май то 18 июн муқаррар карда шудааст. Инчунин, машғулиятҳо ва қабули имтиҳонҳои давраи иловагӣ (триместр) барои магистрантони курси 1-ум ва донишҷӯёни курсҳои 1 – 3 аз 19 июн то 1 июли соли 2019 гузаронида мешаванд.
Бояд қайд кард, ки тартиби қабули имтиҳонот дар донишгоҳ дар асоси қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва Низомномаи ДДМИТ оид ба супоридани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ба роҳ монда шуда, бо мақсади шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани сессияи имтиҳонотии ҷорӣ аз ҳисоби муовинони ректор, кормандони раёсати таълим ва маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотӣ ситоди донишгоҳӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамчунин, барои магистрантони курси 1-ум ва донишҷӯёни курсҳои 1-ум то 3-юм даври таътили тобистона аз 19 июн то 31 августи соли 2019 муайян карда шудааст.