Хабарҳо
Ташаккули натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти хоҷагидории корхонаҳо
10 майи соли равон дарси кушоди муаллими калони кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Мадина Нурублоева баргузор гардид, ки он ба мавзӯи «Ташаккули натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти хоҷагидории корхона» баргузор гардид. М. Нурублоева дар баромад вобаста ба мавзӯи мазкур қайд намуд, ки мақсади асосии ҳар як субъекти хоҷагидорӣ гирифтани даромад мебошад ва маҳз аз натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти корхона рушду тараққиёти он вобастагӣ дорад. Дар сатҳи корхона дар шароити муносибатҳои молию пулӣ даромади холис шакли фоидаро мегирад.
Даромад ҳамчун категорияи муҳими муносибатҳои бозорӣ вазифаи ҳавсмандгардониро иҷро намуда, яке аз сарчашмаҳои ташаккулёбии буҷаи зинаҳои гуногун ба ҳисоб меравад.
Сипас донишҷӯён Насриддинов Ё., Сафарова Т. ва Фақерова П.. дар робита ба мавзӯи мазкур андешаронӣ намуданд. Инчунин дар ҷараёни дарси кушод саволу музокираҳо сурат гирифт, ки дар рафти он таваҷҷуҳи аосӣ ба эълон гардидани саноатикунонии босуръат - ҳадафи чоруми миллӣ ва масъалаҳои асосии стратегияи миллии рушд то давраи соли 2030 муҳокима гардиданд.
Насрулло Тӯйчизода