Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии илмии роҳҳои таъмини устувори низоми бонкӣ

Баррасии илмии роҳҳои таъмини устувори низоми бонкӣ

Рӯзи 31 майи соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фаъолияти бонкӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳҳои таъмини устувори низоми бонкӣ дар шароити муосир» баргузор гардид, ки дар он мутахассисони соҳа аз Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои мамлакат, устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд. 
Ҳамоиши илмиро бо сухани ифтитоҳӣ ректори таълимгоҳ Хайрзода Ш.Қ. кушода, мубрамияти мавзӯи баррасишавандаро таъкид дошт ва рушди низоми бонкии мамлакатро таконбахши рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ва махсусан иқтисодиёт маънидод кард. Мавсуф аз таъкиду эродҳои ба сохтори бонкӣ намудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи андоз, гумрук ва молия ёдовар шуда, қайд кард, ки ин эродҳо ба мо низ дахл доранд, зеро мо таъминкунандаи кадрҳои ин соҳаҳо ҳастем ва пешравии ҳар як соҳа аз мутахассис вобаста аст. Бинобар ин, раёсати донишгоҳ мекӯшад, ки бо БМТ ва дигар бонкҳо ҳамкориҳоро тақвият бахшида, коршиносону мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдориро барои хондани лексия ба донишҷӯён ва ба амалия наздик кардани назария ҷалб намояд, - гуфт ректор. 
Bonk4001.jpgСипас Нурмуҳамад Шарипов, директори Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Низоми бонкӣ ва роҳҳои таъмини устувории он дар шароити муосир» баромад карда, вазъи низоми бонкии кишварро таҳлил намуд. Мавсуф дар бораи нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ, аз қабили меъёри кифояти сармоя, пардохтпазирии низоми бонкӣ, даромаднокии низоми бонкӣ, ғайридолларикунонӣ истода гузашт. Ӯ дар бораи қарзҳои ғайрифаъол маълумот дода, афзуд, ки ба санаи 31 марти соли ҷорӣ қарзҳои ғайрифаъол 2 567,1 млн. сомонӣ ё 29,2%-и сандуқи қарзиро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 дар намуди аслӣ ба 155,7 млн. сомонӣ кам шуда, вазни қиёсии онҳо дар сандуқи қарзии маҷмӯӣ ба андозаи 4,4 банди фоизӣ кам шудааст. 
Шарипов Н. дар идома барои беҳтар кардани низоми бонкӣ ислоҳоти аз тарафи БМТ гузаронидаро ёдрас шуд, ба мисли ташкили воҳидҳои сохтории нав, татбиқи сиёсати «гузариш аз миқдор ба сифат», таъсиси Кумитаи суботи молиявӣ, такмили қонунгузориҳои аҳдҳои таъминшуда, вусъати низоми табодули иттилооти таърихи қарз ва ғайра, ки ин ислоҳот ҳоло ҳам идома дорад. 
Bonk4003.jpgМавсуф барои таъмини устуворӣ ва солимгардонии низоми бонкӣ андешидани тадбирҳои зеринро мувофиқи мақсад донист, ба монанди татбиқи воситаҳои макропруденсионалӣ; тақвият бахшидани идоракунии корпоративӣ; ҷорӣ намудани механизмҳои нави идоракунии қарзҳои ғайрифаъол; такмили низоми баҳодиҳии амволи манқул ва ғайриманқул; ҷорӣ намудани хизматрасониҳои нав ва муосири бонкӣ, оғози раванди иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти бонкии исломӣ; таҳия ва ва қабули стратегияи фарогирии молиявӣ ва дигар чораҳои таҳкимбахши фаъолияти соҳа. 
Баъдан, Искандар Давлатов, коршиноси лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «Идоракунии молияи давлатӣ» дар мавзӯи «Осебпазирии низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти имрӯза ва имконияти фардо» баромад кард. Баромадкунанда дар бораи хавфҳои асосии макроиқтисодӣ ва осебпазирии низоми бонкӣ; таъсири хавфҳои беруна; мушкилоти осебпазирии бахши бонкӣ ва танзими молиявӣ истода гузашт. Мавсуф осебпазирии бахши бонкиро дар маҳдудияти санҷиши тобоварӣ ва фишорҳо аз ҷониби танзимгар ва норасоии татбиқи он дар бонкҳо; хавфи таҷаммӯи бонкҳои низомсоз; сифати пасти сандуқи қарзии бонкҳо нисбат ба ташкилотҳои маблағгузории хурд; пайвастагии бахши бонкӣ ҳамчун осебпазирӣ ба буҳронҳо маънидод кард. 
Дар охир музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 
Конфронс пас аз нисфирӯзӣ дар бахшҳо корашро идома дод ва дар он беш аз 50 маърӯза шунида шуд, ки асосан ба баррасӣ ва таҳлили масъалаҳои низоми бонкӣ бахшида шудаанд. 


Машҳура Абдуллоева