Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳолати дарсҳои кушод беҳтар арзёбӣ гардид

Ҳолати дарсҳои кушод беҳтар арзёбӣ гардид

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ корманди асосӣ омӯзгор мебошад. Бобати баҳо додан ба фаъолияти педагогии устод роҳу усулҳои гуногун мавҷуданд. Онҳоро ба усулҳои сифатӣ ва миқдорӣ ҷудо намудан мумкин аст. Ҳамин нишона ва бузургиҳо дар маҷмӯъ мавқеи устодро муайян менамоянд. 
Вобаста ба ин, раёсати таълим, махсусан шуъбаи мониторинги идораи сифати таълим тасмим гирифт, ки вазъи иҷрои нақшаи баргузории дарсҳои кушод, нақшаи иштирок ба дарсҳои ҳамдигар ва кор бо донишҷӯёни сустхон дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 дар донишгоҳ мавриди санҷиш қарор диҳад. 
Бояд гуфт, ки зимни баргузории дарсҳои кушод устод донишҳои касбӣ, малакаю маҳорат ва қобилияти педагогиашро нишон дода, дарсро моҳирона дар сатҳи зарурӣ доир намояд. Натиҷаи дарсҳои кушод бояд дар ҷаласаи кафедра муҳокима ва ҷиҳатҳои мусбат ва манфии фаъолияти омӯзгор дар раванди таълим гуфта шавад. Дар ин баробар, омӯзгорони навкору камтаҷрибаи кафедра методҳои беҳтарини ба корбурдаро фаҳмида, аз онҳо дар дарсҳои худ истифода мекунанд. 
Бино ба гузориши Р. Холбобоев, сардори шуъбаи мониторинги идораи сифати таълим дар ҷаласаи Шӯрои илмию методии донишгоҳ рӯзи 24 майи соли 2019 ҳолати дарсҳои кушод дар қиёс бо солҳои пешин беҳтар арзёбӣ гардид. Ӯ аз ҷумла афзуд, ки натиҷаи санҷишҳо бармеояд, ки дарсҳои кушод ва иштирок ба дарсҳои ҳамдигар мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, бурду бохти устодон дар ҷаласаҳои кафедраҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда, оид ба беҳтар намудани кор дар ин самти фаъолият қарорҳои дахлдор қабул шудаанд. 
Хуллас, таҳлилҳо нишон доданд, ки дар донишгоҳ нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018-2019 нақшаҳои баргузории дарсҳои кушод аз 100 дарси кушод 82 дарси кушод гузаронида шудааст, ки ин 82% ро ташкил медиҳад. Нақшаи иштирок ба дарсҳои ҳамдигар бошад, дар донишгоҳ 470 дарси ташрифоварӣ ба нақша гирифта шуда аз он 377 дарс (80%) иҷро шудааст. Дар дафтари махсуси кор бо донишҷӯёни сустхони назди кафедраҳо аз 312 омӯзгори дарсдиҳанда 276 устодон (88,4%) ному насаби донишҷӯёни сустхонро қайд намудаанд. 
Суратҷаласаҳои муҳокимаи дарсҳои кушод, дафтари қайди иштирок ба дарсҳои ҳамдигар ва дафтари кор бо донишҷӯёни сустхон дар кафедраҳо дида мешавад. Вале, на дар ҳамаи кафедраҳо ҳуҷҷатдорӣ дар ин самт ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. 
Тазаккур бояд дод, ки сифати иҷрои нақшаи дарсҳои кушод, иштирок ба дарсҳои ҳамдигар, кор бо донишҷӯёни сустхон дар кафедраҳои менеҷмент, фаъолияти гумрукӣ, аудит ва ревизия, ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ, забони тоҷикӣ, информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт, математикаи олӣ ва фанҳои гуманитарӣ нисбатан хуб мебошад. Дар дигар кафедраҳо ин самти кор беҳбудиро талаб менамояд. 
Аз ин рӯ, шахсони мутасаддиёнро зарур аст, ки бо дарназардошти камбудиҳои ошкоршуда ва рафъи онҳо фаъолиятро ҷиддӣ ба роҳ монда, баҳри хушсифат гардонидани кор тавассути усулҳои нави таълим кӯшиш намоянд. 


С. Носиров