Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист

Таҷлили 45-солагии Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист имсол дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе рост омад. Ҳанӯз 47 сол қабл аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 5 июн бо мақсади ҳушдор додани инсоният аз зуҳури муаммоҳои экологӣ ва ба хотири мусоидат намудан ба беҳдошти вазъи муҳити зист ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист эълон гардид. 5 июн чун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар мамлакатҳои дунё дар шакли гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳо, велосипедронӣ ва ҷашнҳои “сабз” таҷлил мегардад. Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар Тоҷикистон шуруъ аз солҳои 2000-ум инҷониб оғоз гардида, ҷашнгирии он сол аз сол дар қаламрави кишвар бо доираи васеи аҳли ҷомеа шукуҳу шаҳомати хоса касб намуда истодааст. 



Санаи 6 июн намоишгоҳи ташкилнамуда бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе, ки дар он маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва безарари корхонаҳои хӯрокворӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Инчунин дар намоишгоҳ аз донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳои миёна, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ-даъватӣ иштирок доштанд, ки то дастовардҳояшонро дар самти коҳишдиҳии тағйирёбии иқлим ва беҳдошти муҳити зист ба маърази тамошо гузоранд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ дар ин рӯз дастовардҳои худро вобаста ба ҳифзи муҳити зист ба маърази тамошо гузошт. 


Зимни баргузории чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе — Раҳимзода Т.К., раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Гулмаҳмадзода Д.Қ., намояндаи Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф ва дигарон аз дастовардҳои экологии ташкилоту идораҳо дидан намуданд. Дастовардҳои ба намоишгузоштаи ДДМИТ аз ҷониби масъулин хуб баҳогузорӣ шуд. 


Раҳимзода Нуралӣ