Хабарҳо
Нахустин озмуни «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» дар ДДМИТ
Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш миёни устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ нахустин озмуни «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот», ки чор марҳиларо дар бар мегирад, марҳилаи аввали он дар ДДМИТ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи мусобиқа санаи 8 июн ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода суханронӣ намуда, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди варзиш, ки муаррифгари миллат аст, муҳим арзёбӣ карда, бозии шоҳмотро барои тақвияти фикрронии шахсият мусоидаткунанда хонд. Инчунин, ректор ба иштирокчиёни озмун, ки 35 нафарро ташкил медиҳанд, ғолибият ва роҳ ёфтан ба марҳилаи ҷумҳуриявии озмунро таманно намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки оид ба гузаронидани марҳилаи аввали озмуни «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» миёни устодону донишҷӯёни донишгоҳ таҳти №85/и фармоиши ректор ба тасвиб расида, Низомномаи баргузории мусобиқаи умумидонишгоҳӣ марҳилаи интихобии 1 барои ширкат барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» низ аз ҷониби ректори донишгоҳ тасдиқ гардидааст.
Бояд қайд кард, ки комиссияи ваколатдор низ бо сарварии ректор Ш.Хайрзода, аъзоҳо Б.Қодирова, Ҷ.Шарипов, А.Давлатзода, Д.Хоҷаев, Ф.Саидов ва доварон Т.Эламонов, Ш.Шокиров, И.Айниддинов ва котиб Қ.Сафаров таъсис дода шудааст.
Н.Раҳимзода