Хабарҳо
Ободонӣ баҳри таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозаву озода ва дар ҳолати хуби экологӣ нигоҳ доштани муҳити зист ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шанбегиҳо ташкил карда мешаванд. Вобаста ба ин, аз ҷониби муовини якуми раиси шаҳри Душанбе М.Зувайдзода аз 28 майи соли 2019 нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.
Мувофиқи Нақшаи вобаста намудани шаҳраку маҳаллаҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои шаҳри Душанбе, ҷиҳати дар ҳолати хуби экологӣ нигоҳ доштан ва гузаронидани шанбегиҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ДДМИТ биноҳои аз 1 то 14 минтақаи маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино рост омад.
Барои дар амал татбиқ намудани нақша ва саҳм гузоштан баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯзи 9 июн дар минтиқаи муайяншуда шанбегии умумидонишгоҳӣ аз ҷониби кормандону устодони ДДМИТ гузаронида шуд.
Дар рафти шанбегӣ кормандону устодони донишгоҳ минтақаҳои муайяншударо аз партовҳо тоза карда, дарахтон ва шоху буттаҳои хушкшудаву монеашавандаро бурида, тоза карданд. Инчунин ҷӯйборҳо, майдончаҳо, назди биноҳои истиқоматӣ ва кӯчаҳову гузаргоҳҳоро пурра тоза карданд.
Бояд гуфт, ки ин қабил ҳашарҳо ҳар рӯзи якшанбе доир мегардад.