Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Унвонҷӯёну аспирантон минимум супориданд

Унвонҷӯёну аспирантон минимум супориданд

Рӯзи 11 июни соли равон унвонҷӯёну аспирантони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз забони англисӣ имтиҳони минимум супориданд. Дар он раиси комиссияи имтиҳон Сафаров Б.Г., н.и.и., дотсент, муовини ректор оид ба илми донишгоҳ, Туйғунов Н.Ҳ., н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забони хориҷии донишгоҳ, Попов Н.А., сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои педагогӣ ва илмию педагогӣ иштирок карданд. 
Имтиҳон дар сатҳи баланд сурат гирифт ва унвонҷӯёну аспирантон ба он бо тайёрии ҷиддӣ омада буданд. 
Дар он дар умум 16 нафар унвонҷӯ ва аспиранти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бомуваффақият имтиҳонро супориданд. 
Ёдовар мешавем, ки айни замон дар ДДМИТ 95 нафар унвонҷӯ, 18 нафар аспирант ва 44 нафар доктор аз рӯи Phd таҳсил мекунанд, ки шаҳодати сол ба сол афзудани таваҷҷуҳ ба илм дар байни устодон мебошад.