Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иқтидори содиротӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он

Иқтидори содиротӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он

12 июни соли 2019 бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукии факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ тибқи нақша- чорабиниҳои кафедра дар якҷоягӣ бо мувофиқаи раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. 
Мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Абдукарим Муминов дар оғоз баромад карда, қайд намуд, ки баргузор гардидани чунин семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва вохӯриҳо баҳри рушду такомули мутахассисони ҷавон такони ҷиддӣ мебахшад. Инчунин, зикр карда шуд, ки мавзӯи мазкур зери таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Зеро содирот ва роҳҳои баланд бардоштани иқтидори он яке аз афзалиятҳои муҳим ва асосӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан дар шароити кунунӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти ватании аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба ин васила ба содирот нигаронидани молҳои истеҳсолшаванда масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад. 
Муовини сардори раёсати илм ва инноватсия Ёрибек Тилабов низ зимни суханронии худ дар мавриди баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат дар шароити имрӯза изҳори назар намуд. Сипас, устоди кафедра Зафар Ҳалимхонов баромад карда, изҳор дошт, ки масъалаи баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, тамоми олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои алоҳидаро ба худ ҷалб намудааст. Моро низ ҳамчун мутахассисон зарур ва лозим аст, ки баҳри боз ҳам қавитар гардонидани иқтидори содиротии мамлакат тадқиқотҳои илмии навро таълиф намуда, пешниҳоду таклифҳои муфидро ироа созем. 
Устоди кафедра Фаридун Давлатов низ дар баромади худ аз мубрамият ва муҳиммияту аҳамияти масъалаи мазкур ёдовар шуд. Дар интиҳои семинар музокираву мубоҳиса ба роҳ монда шуд. 


Насрулло Тӯйчизода