Хабарҳо
Аламшоева Муҳайё рисолаи номзадӣ ҳимоя кард
Боиси хушнудист, ки аз ҳисоби бонувон сафи номзадони илм меафзояд. Ин навбат ассистенти кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт Аламшоева Муҳайё Муқбилшоевна дар таърихи 31 майи соли равон рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Аламшоева М. аз рӯи ихтисоси 05.13.00 – идоракунӣ дар системаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (илмҳои иқтисодӣ) дар мавзӯи “Асосҳои иқтисодии дурнамои рушди соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистон” дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-021 дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент сарходими илмии шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти воқеии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоналиев Назаралӣ бомуваффақият дифоъ намуд.
Бо ин дастоварди илмӣ Аламшоева Муҳайёро муборакбод намуда, барояш пирузиҳои навинро таманно дорем.