Хабарҳо
Шоҳмотбозони беҳтарин муайян гардиданд
Чунончӣ пештар иттилоъ дода будем, бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавӣ гардонидани варзиш миёни устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ нахустин озмуни «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот», ки чор марҳиларо дар бар мегирад ва марҳилаи аввали он дар ДДМИТ санаи 8 июн баргузор гардид. Дар озмун 35 нафар шоҳмотбоз аз шумори устодону донишҷӯён ширкат варзида, байни худ барои ғолибият сабқат карданд.
Марҳилаи аввали озмуни «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» санаи 17 июн дар ДДМИТ байни устодону донишҷӯён ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа байни иштирокчиёни то синни 30-сола ба Мумтоз Нуриддинзода, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва бизнес ҷойи якум, ба Азизбек Сайдуллоев, донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҷойи дуюм ва ба Қамар Шодиев, муовини декан оид ба илми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҷойи сеюм дода шуд. Байни иштирокчиёни аз 30-сола боло бошад, ҷойи якум насиби Манучеҳр Садриддинов, мудири кафедраи аудит ва ревизия, Исматулло Аҳадов, муовини декан оид ба таълими факултети ҳисобдорӣ ва омор ҷойи дуюм ва Розӣ Маханов, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Ғолибони озмун бо сипосномаи ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода дар ҷаласаи навбатии раёсати таълимгоҳ қадрдонӣ гардида, ба даври минбаъда роҳ ёфтанд.
Н.Раҳимзода