Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тренинг барои омӯзиши раванди таҳсилоти Болония

Тренинг барои омӯзиши раванди таҳсилоти Болония

Шӯруъ аз 17 то 22 июни соли ҷорӣ дар ДДМИТ тренинги омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи «Ташкили муҳити инноватсионии донишгоҳ дар асоси ҷорӣ намудани раванди Болония», ки шомили Барномаи грантии озмунии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, баргузор мегардад. Тренинг дар мавзӯи «Такмили барномаҳои таълимӣ дар заминаи татбиқи ҷараёни Болония дар ҷаҳорчӯбаи интихоби бизнес-ғояҳои инноватсионӣ» бо иштироки доираи васеи устодону мутахассисон баргузор шуда истодааст. 
Зимни баргузории тренинг Веслав Пшибыла, намояндаи ректор оид ба таҳсилоти фосилавии Академияи гуманитарӣ-иқтисодии Лодзии Ҷумҳурии Лаҳистон ва Цыркина Екатерина, мутахассис оид ба робитаҳои байналмилалии Академияи гуманитарӣ-иқтисодии Лодзии Ҷумҳурии Лаҳистон дар мавзӯъҳои «Принсипи умумии ҷараёни омӯзиши Болония», «Қисматҳои қарзии ECTS дар ҷараёни омӯзиши Болония», «Чаҳорчӯбаи таснифоти аврупоӣ ва лаҳистонӣ», «Ниҳоди таҳсилоти фосилавии Академияи гуманитарӣ-иқтисодии Лодзии Ҷумҳурии Лаҳистон», «Назорати сифати таълим ва низоми таҳсилоти кредитӣ», «Усул ва тарзҳои муосири таълим», «Коркарди стандарти таълим ва УМК бо талаботи ҷараёни омӯзиши Болония», «Ниҳоди идоракунандаи низоми муассисаҳо бо ҷараёни омӯзиши Болония» ва «Ниҳоди илмӣ-инноватсионӣ ва робитаҳои байналмилалӣ дар Академияи гуманитарӣ-иқтисодии Лодзии Ҷумҳурии Лаҳистон» баромад мекунанд. 
Бояд ёдовар шуд, ки мутахассисони хориҷӣ Веслав Пшибыла ва Цыркина Екатерина пеш аз оғози тренинг бо ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода вохӯрӣ анҷом доданд.