Хабарҳо
Механизмҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ
Санаи 18 июни соли равон дар кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз семинари навбатии “Муҳаққиқони ҷавон” дар мавзӯи “Механизмҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва самтҳои такмили он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар семинар муаллими калони кафедра Азима Раҳимова маърӯза намуд. Зимни баргузории семинар устодон иштирок намуда, оид ба мушкилоти имрӯзаи вазъияти сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизмҳои асосии танзим ва назорати он ба худ маълумоти мушаххас гирифтанд.
Инчунин қайд шуд, ки тамоми ҳадафҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар роҳи механизмҳои асосии татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин, пеш аз ҳама, суботи нархҳо, таъмини талабот ва рушди иқтисодиёти кишвар бо роҳи дастгириҳои ҳаматарафа мебошад. Зеро дар шароити мушкилоти имрӯзаи иқтисодӣ ва таъсири омилҳои дохилаю беруна ноустувории қурби пули миллӣ бо роҳи коҳиш ёфтани воридоти асъори хориҷӣ, аз он ҷумла доллари ИМА ба назар мерасад. Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо тамоми ташкилотҳои қарзии дар бозори бонкӣ фаъолияткунанда талаботи рӯзафзуни ҷомеаро қонеъ гардонида, ин масъаларо ба танзим медароранд.
Ҳамзамон дар семинар масъалаи меъёри бозтамвилӣ, меъёри захираҳои ҳатмӣ ба таври мушаххас баррасӣ карда шуд. Дар рафти маҳфил саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.
Саидхуҷа Махшулов, муовини декан оид ба илми факулта